Ҳукми «авбошӣ» барои қатли «бобои барфӣ»

Хабари хуб 24.03.2013 16:06

parvizДодгоҳи шаҳри Душанбе муҳокимаи муттаҳами дигар дар қатли Парвиз Давлатбековро оғоз кард.

Ба гуфтаи масъулони ин додгоҳ, Фирдавс Муродови 24 сола, сокини шаҳри Душанбе, ки беш аз як сол мавриди пайгарди қонунӣ қарор дошт, довталабона худро ба кормандони пулис таслим кардааст.

Муҳокимаи додгоҳи шаҳрӣ, субҳи рӯзи 18 март оғоз шуда ва судяи парванда эълом кардааст, ки Муродов тибқи қисми дуввуми моддаи 237-и қонуни ҷазои Тоҷикистон, яъне авбошӣ муҳокима хоҳад шуд. Фирдавс Муродов шашумин фарди муттаҳам дар қатли Парвиз Давлатбеков аст, ки дар додгоҳ муҳокима мешавад.

Дар моҳи майи соли 2012 додгоҳи шаҳри Душанбе чаҳор тан аз сокинони ҷавони Душанберо дар қатли Парвиз Давлатбеков гунаҳкор донист ва се нафар аз онҳоро аз се то ба даҳ сол ба зиндон маҳкум кард. Дар он замон дар ҷараёни таҳқиқоти парванда, ширкати чаҳор нафари дигар дар қатли Павриз Давлатбеков собит шуд ва онҳо дар пайгарди қонунӣ қарор дода шуданд.

Сипас баъд аз гузашти се моҳ ин додгоҳ Фирӯз Нарзиқулов, яке дигар аз ҷавонони муттаҳам дар ин қатлро маҳкум ба пардохти ҷарима кард. Фирдавс Муродов дуввумин фард аз ҷумлаи муттаҳамон дар ҷустуҷӯй қарор дошта будааст, ки тӯли як сол дар хориҷ аз кишвар ба сар бурда ва сипас таслим шудааст. Гуфта мешавад, ки Муродов дар содир кардани ҷурм, яъне ҳамла ба Давлатбеков иқрор кардааст.

Ҳодисаи қатли Парвиз Давлатбеков дар хиёбони мавсум ба Профсоюзи шаҳри Душанбе шаби соли нави 2012 рух дода буд. 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97