Додгоҳи олӣ парвандаи Димон Ашӯровро баррасӣ мекунад

Хабари хуб 23.03.2013 12:31

DimonДодситонии кулли Тоҷикистон тафтиши парвандаи Димон Ашӯровро анҷом дода ва онро ба Додгоҳи олӣ ирсол хоҳам кард.

Раёсати тафтишоти мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 19-уми март ба "Озодӣ" гуфтааст, парвандаи пурсарусади Димон Ашӯровро бо айбномаи «ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, бетартибиҳои оммавӣ, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат, фирор ва бо қаллобиву тақаллуби ҳуҷҷатҳо» поён дода, тасмим гирифтааст дар наздиктарин рӯз онро ба Додгоҳи олӣ ирсол дорад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, баррасии парвандаи Димон Ашӯров аз оғози тафтишот махфӣ сурат гирифтааст ва имкон дорад мурофиаҳо низ дар Додгоҳи олӣ пӯ-шида сурат бигиранд. Шуҳрат Қудратов, вакили дифои Димон Ашӯров низ ба "Озодӣ" гуфт, ки аз Додситонии кулл ӯро дар ҷараёни гузоштаанд, ки баррасии  тафтишоти парвандаи зерҳимояи ӯ анҷом ёфтааст ва ба Додгоҳи олӣ фиристода мешавад.

Аммо Шуҳрат Қудратов мегӯяд, ки дар ибтидо зерҳимояи ӯ танҳо бо амали таққалуби ҳуҷҷатҳо айбдор дониста мешуд, вале боз чанд банди дигарро дар парвандаи Димон Ашуров ҳамроҳ кардаанд. Ба гуфтаи Шуҳрат Қудратов, зерҳимояи вай танҳо ба ҳамин айбномае, ки дар ибтидо ба гарданаш ниҳоданд (таққалуби ҳуҷҷатҳо) эътироф кардааст.

Димон Ашӯров, ки дар Бадахшон бо номи Давлатбек маъруф аст, рӯзи 20-уми августи соли гузашта аз ҷониби нируҳои махсуси Вазорати умури дохилӣ дар постгоҳи Хоруғ боздошт ва барои пурсиш ба Раёсати корҳои дохилии вилоят оварда шуд. Аммо дастгиршуда аз ошёни саввуми утоқи бинои Раёсати умури дохилӣ худро ба замин партофта, осеби сахти ҷисмонӣ гирифт.

Додситонии вилояти Бадахшон гуфтааст, Димон Ашӯров ҳанӯз чанд сол қабл аз ҳаводиси моҳи июли Хоруғ ба қаллобӣ дар муомилоти хариду фурӯши воситаи нақлиётӣ муттаҳам шуда, таҳти пайгард қарор дошт ва ба ин сабаб боздошт гардидааст.

Димон Ашӯров барои табобати пойҳои худ ба беморхонаи Урумчии Чин рафта буд. Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 9-уми январи соли равон зимни нишасти хабарӣ дар мавриди Димон Ашӯров гуфт, ки мувофиқи муоҳидаи Тоҷикистону Чин ӯ ба Душанбе истирдод шуд. Додситони кулл Ашӯровро дар он муттаҳам мекунад, ки ӯ сарфи назар аз он, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешавад, аз беморхонаи Хоруғ фирор карда ба Чин рафтааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97