Бӯҳрони беҳдоштӣ: Замони баррасии роҳҳои ҳал расидааст

Хабари хуб 20.03.2013 16:14

Hiloli ahmarБекеле Гелета, дабири куллии ФБҶ СС ва ҲА

Мардум, маъмулан, аз ҳарф задан дар мавридиҳоҷатхонаҳо шарм медорандвабарояшоносонтараст, ки ин мавзӯъросарфиназарнамоянд. Ҳолобароиаксариятимоҳаммомваёҳоҷатхонамушкилӣнест, вале барои бештар аз 30 дарсади мардум дар дунё, яъне 2,5 миллиард нафар, дастрасӣ ба ҳаммому ҳоҷатхона кори осоне нест.

 

Ва ин на танҳо мавзӯъи марбут ба шаъни инсон аст. Ин мушкилест, ки оқибатҳои манфии саломатӣ ва муҳитзистӣ низ ба бор меорад. Диаррея дуввумин иллати марги тифлони зери синни панҷсола дар кишварҳои Саҳрои Офриқо мебошад. Диарреяи музмин, ҳамчунин, ба рушди кӯдак таъсири манфӣ мерасонад, чун тифлро аз моддаҳое, ки барои рушди фикрронӣ, бадан ва системи эманӣ лозиманд, маҳрум мекунад. 

Оё ин сабабҳо кофӣ нест, то аз омор камтар сӯҳбат бикунем ва бештар сари ҳалли мушкил биандешем?

Ҳатто дар баъзе аз шаҳрҳои ҷаҳон, ки дастрасӣ ба беҳдоштӣ беҳтар аст, мавридҳое зуд-зуд рух медиҳанд, ки ҳоҷатхонаҳоро ба кӯчаҳо, ва ё ба ҷӯйю дарёҳо мерезанд, ки баъдан мардум аз он об истифода мекунад ва ин амал низ барои саломатии инсонҳо оқибатҳои харобиовар дорад.

Ҳалли ин мушкил, ки дархӯри ҳама, аз ҷумла мардуми фақир бошад ва аз зарар ба муҳити зист ҷилавгирӣ намояд, чолиши асосист. Вале посух на танҳо дар ҳоҷатхонаҳои навъи ғарбӣ ва низомҳои фозилоби мутамарказ аст, ки масоҳат, нерӯи барқ ва оби зиёде кор доранд ва ҳам сохтану нигоҳубинаш хеле гарон аст. Роҳи ҳалро низ метавон тағйир дод ва дар ин самт аллакай чандин ибтикорҳои наве барои ҳалли мушкили беҳдоштӣ дар қисматҳои фақири ҷаҳон рӯидаст гирифта шудааст. Вале, мо бояд аз фаъолияти маъмулии хайриявӣ фаротар биравем ва баҳси ҷиддии ҷанбаъҳои иқтисодии онро бо назардошти равиши бозорёбӣ, ҷалби бахши хусусӣ, беҳдошти муҳитзистӣ (ecological sanitation) ва фанновариҳои дигари номутамарказ боз кунем.

Нафъи сармоягузорӣ аз соҳаи беҳдоштӣ метавонад хеле боло бошад. Бино бар як пажӯҳише (аз Г. Ҳаттон, Л. Ҳаллер ва Ҷ. Бэртрам), ҳар як доллари амрикоии барои об ва беҳдоштӣ гузошташуда, метавонад аз 5 то 46 доллар фоида биорад.

Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар минтақаи ОсиёваУқёнуси ячандинтарҳи беҳдошти муҳитзистиро пуштибонӣ кардааст. Дар Чин, бароимисол, равиши муҳитзистии ҳалли мушкили ҳоҷатхонаҳо дар чанд соли ахир шумори гирифторӣ ба маризиҳои дарунравиро то ба 30 дарсад коҳиш додааст.

Бахши хусусӣ нақши муҳимме дар соҳаи беҳдоштӣ дорад, ки дар бисёр мавридҳо аз ҷониби созмонҳои ёрирасон ва ҳукуматҳо нодида гирифта мешавад. Бар иловаи ҳалли эҳтиёҷоти мардуми осебпазир, дар пешниҳоди ҳоҷатхонаҳои мкони тиҷоратӣ низ нуҳуфтааст.

Дар кишвари Соҳили Оҷ дар Офриқо Салиби Сурх дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ба мисли бозорҳо ва истгоҳҳои автобус ҳоҷатхонамесозадвасипасонро ба афродиалоҳида ба иҷорамедиҳад. Яке аз сабабҳои чунин иқдом тоза нигаҳ доштани ҳоҷатхонаҳост. Чунки иҷорагиранда медонад, ки агар ҳоҷатхонааш тоза набошад, ӯ муштарӣ нахоҳад дошт.

Бояд гуфт, ки мо ҳоло шоҳиди болоравии таваҷҷӯҳи бозорёбии беҳдоштӣ бино бар афзоиши талабот ва пешниҳодот  дар ин соҳа мебошем. Бахши хусусӣ дар мавриди роҳҳалҳои нав барои посух ба чолиши беҳдоштӣ ба мо пешниҳодоти зиёде метавонад бидиҳад.

Вале ҳалли мушкилоти мардум бе ҷалби худи мардум беҳуда аст.

Ба ҳайси яке аз бузургтарин ироагарони об, хадамоти беҳдоштӣ ва гигиенӣ дар ҳолатҳои изтирорӣ, яке аз иқдомҳое, ки мо маъмулан иҷро мекунем, бозсозии низомҳои обу беҳдоштие мебошад, ки мутаассифона аз кор мондаанд. Мардуме, ки аз офатҳо зарар дидаанд, ба сабаби набуди дастрасӣ ба об ва ҳоҷатхона камтар ба гигиена таваҷҷӯҳ медиҳанд ва ин маврид осебпазирияти онҳоро афзоиш медиҳаду, вақти бештаре барои бозсозии ҳаёти онҳоро талаб мекунад.

Ҷалби мардум ва ибтикорҳо ҷиҳати тағйири рафтор калиди ҳалли мушкили беҳдоштист. Агар мардум ба раванди бунёди низомҳои беҳдоштӣ ҷалб шуда бошанду, бо онҳо машварат шуда бошад, он мардум ба он низомҳои беҳдоштӣ арҷи бештар мегузорад ва онро беҳтар эҳтиёт мекунад. То ки низоми дастрасӣ ба об ва ё ҳоҷатхона ҳамеша мавриди истифода бошаду, тармим бигардад, бояд аввал тавоноӣ ва дониши мардумро дар мавриди соҳибияти чунин низомҳо баланд бардошт. Агар мардум фоидаи обу ҳоҷатхонаро фаҳмиданд, онҳо худашон маблағ ҷамъ меоранд, то барои худ низоми об ва ҳоҷатхона бисозанд. Кор бо мардум барои расидан ба ин ҳадафҳо вақт, заҳмат ва нерӯ металабад.

Чун мо дар мавриди ҳадафҳои рушд пас аз соли 2015 ҳарф мезанем, агар мо назди худ ҳадафҳои воқеъии ҳалли мушкилоти санитариро нагзорем, пас мо шикаст хӯрдаем.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97