Соли нави миллӣ дар Тоҷикистон 20 март оғоз меёбад

Хабари хуб 19.03.2013 22:57

takhvili solХурсанд Ибодинов, мудири Институти астрофизикаи Академияи фанҳои ҶТ, ба хабаргузории «АП» гуфтааст, ки бар асоси ҳисоб ва баровардҳо баҳори муътадил дар соъати 16:02- и 20 март мувофиқи тақвими григорианӣ рост меояд ва ин фарорасии расмии Наврӯз маҳсуб мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар пойтахти Тоҷикистон мувофиқи қарори раиси шаҳр М. Убайдуллоев субҳи барвақти 21 март фейерверки (оташбозӣ) ҷашнӣ барпо хоҳад шуд. Иди Наврӯз дар Душанбе ба муҳлати чаҳор рӯз бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Оғози Наврӯз дар тамоми ноҳияҳои марказ аз шаби 20 ба 21 март шуруъ меёбад. 

Рӯзи асосии ҷашн 22 март дар Наврӯзгоҳи пойтахт, барои шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт консерти театришуда ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

Ду рӯзи баъдии ид дар ҳудуди маҳаллот ва ноҳияҳои пойтахт ҷашн гирифта мешавад.

Дар маҷмуъ дар Наврӯзи ин сол  мардуми тоҷик аз 21 то 26 март, шаш рӯзи истироҳатиро дар ихтиёр доранд.

Дар ин сол Наврӯз дар сатҳи байналмиллалӣ дар шаҳри Ишқободи Туркманистон барпо мегардад. Зиёда аз 20 ҳунарпеша ва 15 намояндаи «Тоҷикматлубот» дар ин ҷашн Тоҷикистонро ҳамроҳӣ мекунанд.

Зимнан, дар соли гузашта Душанбе пойтахти Наврӯз эълон шуда буд. Дар соли оянда Наврӯз дар сатҳи байналмиллалӣ дар Кобул таҷлил хоҳад шуд. Наврӯз дар сатҳи байналмиллалӣ соли 2010 дар Шероз баргузор гардида буд. ЮНЕСКО Наврӯзро соли 2009 ба феҳрасти намояндагии мероси фарҳангии башарият дохил намуд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97