15 мартисоли 2013. Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шӯрои Ҳамоҳангсозии ассотсиатсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ба муносибати 10-умин солгарди фаъолияти Ассосиатсияи дастраскунандагони алоқаи мобилӣ дарҶумҳурӣ ба ширкати «МегаФон» Дипломи тиллоӣ супорид.
«Тоҷикистон – кишвари дорои релефи мураккаб буда, 93% ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳо фаро гирифтаанд. Ин омилҳо дар роҳи таъсиси иртиботи босифати мобилӣ мушкилиҳои иловагиро пеш меорад, - изҳор дошт раиси Шӯрои Ҳамоҳангсозии ассотсиатсияҳои соҳибкорон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон Зайд Саидов. – Бо вуҷуди ин, баъд аз анҷоми сафарҳои сершумор ба кишварҳои зиёди ҷаҳон банда метавонам сифати хизматрасониҳои иртиботи мобилиро муқоиса бикунам ва бо итминон бигӯям, ки дар кишвари мо хизматрасониҳои иртиботи мобилӣ дар сатҳи хуб қарор дорад».
«Дипломи мазкур – баҳои баланди бар фаъолияти мо дар ҳудуди кишвар ба ҳисоб меравад, - мегӯяд директории иҷроияи ширкати «МегаФон» дар Тоҷикистон Андрей Шишковский. Танҳо дар соли гузашта мо беш аз 500 истгоҳҳои нави иртиботи бесими 2G ва 3G-ро ба кор даровардем. Дар ҳоли ҳозир муштариёни ширкатро бо алоқаи бо эътимод беш аз 2 000 ИИБ, ки 170-тои онҳо дар минтақаҳои дурдасти кишвар қарор доранд, таъмин мекунанд. Мутмаинам, ки ба шарофати сохтмони бузурги шабака, васеъшавии доираи хизматрасониҳо ва беҳтар гаштани сифати хизматгузорӣ барои муштариён кишвари мо имкон пайдо мекунад, ки аз рӯйи сатҳи рушди технологияҳои мобилӣ бо давлатҳои пешсафи ҷаҳон баробар шавад».
Асотсиатсияи дастраскунандагони иртиботи мобилии Тоҷикистон (АДИМ) аз соли 2003 фаъолияти худро ба роҳ монда ба ҳайати Шӯрои Ҳамоҳангсозии ассотсиатсияҳои соҳибкорони Тоҷикистон дохил мешавад. Мақсади АДИМ – мусоидат ё ба рушди алоқаи кандуӣ дар ҳудуди кишвар ба ҳисоб меравад.