Планшет барои бехтарин мақолаи дар бораи иртибот

Хабари хуб 14.03.2013 19:13

Telekom01Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» миёни журналистон ва истифодабарандагони фаъоли интернет озмуни «Телеком илхом мебахшад»-ро эълон мекунад.

Озмун аз 13 март то 1 декабри соли 2013 баргузор мешавад.

Ҳайати ҳакамони озмун мақолаҳоро дар мавзӯи иртибот ва телекоммуникация, ки дар ВАО-и электронӣ ва чопӣ ба табъ хоҳанд расид, баҳогузорӣ менамоянд. Мавод набояд дорои хусусияти таблиғотӣ дошта бошанд. Меъёрҳои интихоби ғолибон аз рӯи шавқу рағбат нисбати мавзӯъ, аҳамияти масъалаҳои баррасишаванда, касбият ва маъруфияти инъикоси он, фазилати муаллифон дар масъалаҳои иттилоотӣ-коммуникативӣ ва иртибот ба ҳисоб мераванд. Ғолиби аслии озмун соҳиби компютери планшет хоҳад шуд. Ғолибони дигари озмунро тухфахои арзандаву хтирмон аз ширкат интизор аст.

Барои иштирок дар озмун мебояд мақоларо ба суроғаи: к.Фотеҳ Ниёзӣ 34, (идораи ширкати «МегаФон» дар назди беморхонаи Ибни Сино) ё ба почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол намуд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97