Ҷопон аз уқёнус газ истихроҷ мекунад

Хабари хуб 14.03.2013 15:24

GazҶопон эълом кард, ки ба мутахассисони он муяссар шудааст, ки бори аввал аз бистари уқёнус гази табиӣ истихроҷ кунанд.

Вазорати иқтисод, тиҷорат ва саноати Ҷопон рӯзи сешанбе гуфт, гази табииро аз қаламравҳои обии кишвар дар Уқёнуси Ором истихроҷ карданд ва шуълаҳои оташ аз лӯлаи газ берун мешуд. Корҳо барои истихроҷи газ аз бистари уқёнусро як консорсиум бо раҳбарии Ширкати миллии нафту газ ва фулуззоти Ҷопон моҳи феврали соли гузашта шуруъ кард ва рӯзи сешанбе тавлиди озмоишии газро оғоз кардаанд. Дастоварди мутахассисони Ҷопон метавонад, дар ниҳоят ба тавлиди саноатии газ аз зери баҳру уқёнус оғоз бубахшад, агарчӣ қимати он болотар хоҳад буд, зеро истихроҷи он кору пули бештар мехоҳад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97