Шӯрои ҷамъиятӣ ҳукумати электрониро баррасӣ мекунад

Хабари хуб 13.03.2013 20:29

internetҶаласаи аввали маҳфили «Ҳамкориҳои иҷтмоӣ», ки бо ибтикори Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) рӯзи 15 март дар шаҳри Душанбе барпо мегардад, баррасии мавзӯи «Ҳукумати электронӣ: пешомад ва мушкилиҳо аз нигоҳи коршиносон» барпо мегардад.

Дар ҷаласаи мазкур иштирок ва суханронии мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Фаттоев ва иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳанс Петер Ларсен дар назар аст.

Тавре созмондиҳандагони маҳфил хабар доданд, дар ҷаласаи аввали маҳфили «Ҳамкориии иҷтимоӣ» атрофи суханрониҳои мудири маркази иттилоотию техникии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Сафиев, директори Академияи виртуалии ICT 4D (information communication technology) А.Атоев, ки ба масъалаи рӯзномаи ҷаласа бахшида шудаанд, мубоҳиса ва саволу ҷавоби иштироккунандагон барпо мегардад.    

Ноила Воҳидова.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97