“Форбс” як маҷаллаи муътабари амрикоӣ навиштааст, ки агар давлати Амрико мехоҳад пас аз хуруҷи нируҳояш дар Афғонистон субот барпо бошад, бояд аз бунёди НБО "Роғун" ба таври комил пуштибонӣ кунад.
Маҷаллаи «Форбс”дар мақолае таҳти унвони "Аҳаммияти садди "Роғун" барои ҷанг бо террор" менависад, ки тарҳи ниругоҳи "Роғун" метавонад барои тавсеъаи иқтисодӣ ва сиёсӣ дар кулли минтақа аҳаммияти калидӣ дошта бошад ва ин амр барои манофеъи амниятии Амрико ва НАТО низ ҳаётист.
Дар ин мақола оварда шудааст: "Ин ниругоҳ барои Тоҷикистон ва ҳамсоягонаш, аз ҷумла қисмати шимолии Афғонистон ва Покистон, энержии арзон ва амну пойдорро таъмин мекунад."
Маҷалла аз он ибрози нигаронӣ карда, ки пас аз хуруҷи нируҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар соли 2014 ҷунбиши Толибон дар ин кишвар фаъолтар хоҳад шуд.
Дар ин мақола ҳамчунин омада, ки ҷилавгирӣ аз бозгашти қарибулвуқуъи Толибон дар Афғонистон ва густариши нуфузи онҳо дар минтақа ба василаи тавсеъаи иқтисод ва тиҷорат дар ин кишвари ҷангзада кори сахте нест, аммо як шарт дорад. Кунгураи Амрико ва Вазорати дифоъи ин кишвар метавонанд бо пуштибонии комил аз тарҳи "Роғун" пас аз худ дар минтақа меросе поянда боқӣ гузоранд.
Маҷаллаи «Форбс” ҳушдор медиҳад, ки бидуни тавсеъаи иқтисодӣ Афғонистон ва тамоми минтақа дар баробари режимҳои ифротие, ки "аз сӯйи исломгароёни саъудӣ ва покистонӣ кумак мегиранд", осебпазир хоҳанд буд.
Ба ин хотир тавсеъаи иқтисодӣ бидуни таъмини энержии фаровон ва арзон номумкин хоҳад буд ва "дар Осиёи Миёна қалби ин системи энержӣ бояд ниругоҳи "Роғун"-и Тоҷикистон бошад."
"Бо анҷоми муваффақи бунёди ниругоҳи обии "Роғун" ниёзҳои на танҳо Тоҷикистон, балки манотиқи шимоли Афғонистону Покистон ва манотиқе дар Қирғизистон, Узбакистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя ба барқи тоза ва арзон бароварда хоҳад шуд."
Маҷалла ҳамчунин менависад, ки ниругоҳи "Роғун" барои бақои давлатҳои муътадил дар Осиёи Миёна муҳим аст.
Дар ин мақола омадааст: "Энержӣ аз "Роғун" барои миллионҳо хонавода ва тоҷир дар кулли минтақа имконоти иқтисодӣ фароҳам карда ва ба давлатҳои муътадил ва тарафдори Ғарб дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ фурсати бақо ва барзистӣ хоҳад дод."
Ин маҷаллаи амрикоӣ ба мавзуъи мухолифати Узбакистон бо тарҳи ниругоҳи "Роғун" низ пардохтааст.
«Форбс” менависад, ки Узбакистон ба хотири бузургии ниругоҳи "Роғун" дар заминаи ин тарҳ садо баланд мекунад, зеро бим дорад, ки садди "Роғун" ҷараёни оби рӯдхонаи Вахш ба ин кишварро маҳдуд месозад.
Аммо ин маҷалла афзуда, ки дар тарҳи "Роғун" ин масоил дар назар гирифта шудаанд ва барои ворид нашудани зиён ба умури кишоварзии кишварҳои поёноб ҳудуди 70 километр тунелҳои зерикуҳӣ барои фароҳам кардани ҷараёни оби мустақим ба Узбакистон дар назар гирифта шудаанд.
Ба ин тартиб, «Форбс”дар поёни матлабаш таъкид карда: "Тарҳи ниругоҳи "Роғун" бояд на танҳо дар авлавияти кори давлатҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, балки дар дастури кори созмонҳои байналмилалие чун Сандуқи Байналмилалии Пул, Бонки Ҷаҳонӣ ва давлати Амрико бошад."