Ҳафтод зиндоние, ки қаблан дар сафи нируҳои ҳарбии Тоҷикистон хидмат мекарданд, мавриди афв қарор гирифтаанд.
Ба муносибати Рӯзи артиши миллии Тоҷикистон, бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, панҷоҳ тан аз афсарону сарбозони пешини ҷузъу томҳои нируҳои мусаллаҳи кишвар аз маҳбасҳо раҳо шудаанд.
Тибқи ин дастури раиси ҷум?ур ҳамчунин муҳлати ҳабси 20 нафари дигар аз низомиёни зиндонӣ, коҳиш дода шудааст.
Тибқи моддаи 83 - Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ҳаққи бахшиши ҷазоро дар баробари маҳкумшуда танҳо раисҷумҳури кишвар дорад. Бино ба ин модда, нафари муттаҳам дар ҷиноят пурра ё қисман аз ҷазо озод ва ё ҷазояш сабук мешавад.
Бино ба иттилои сухангӯи раёсати ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон афроди афвшуда нафароне буданд, ки дар сафи вазоратҳои қудратӣ кору фаъолият доштанд, вале бо даст задан ба ҷиноятҳои гуногун, ба маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуда ва дар зиндонҳо давраи ҷазои худро паси сар мекарданд.
То кунун феҳристи аз зиндон раҳошудагон нашр нашудааст