Муҳтавои тоҷикистонии Интернет танзим мегардад

Хабари хуб 06.03.2013 19:20

internetКотиботи Шӯро оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад масъалаи худтанзимкунии муҳтавои тоҷикистонии Интернетро баррасӣ намояд.

Мақсад аз ташаббуси мазкур таҳкими ҳамкории ҷонибҳои манфиатдори ҷомеа дар рушди фарҳанги иттилоотии он мебошад. Зикр кардан бамаврид аст, ки ташаббуси мазкурро Маркази иттилоотию техникӣ ва Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ намуда, пешниҳод кардаанд, ки дар ин самт таҷрибаи давлатҳои дигар омӯхта, лоиҳаи матни Одобнома (Хартия)-и шаҳрванди ҷомеаи иттилоотӣ таҳия ва қабул карда шавад.

Дар маҷлиси аввалини гуруҳи корие, ки дар дафтари Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет дар Тоҷикистон барпо гашт, масъалаи аз ҳисоби намояндагони созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ таъсис додани гуруҳи корӣ оид ба омода намудани матни Хартия баррасӣ шуд. Гуруҳи мазкури корӣ ният дорад инчунин масъалаи механизми татбиқи Хартияро баррасӣ намояд.

Ноила Воҳидова

«Миллат»

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97