Бино ба иттилои расонаҳои Русия бозрасон ба таҳқиқи дафтари ширкати «РусАл», бузургтарин тавлидкунандаи алюминиюм дар ҷаҳон дар шаҳри Маскав пардохтаанд.
Кумитаи бозрасии Русия гуфтааст таҳқиқ дар робита ба иддаъоҳои сарпечӣ аз пардохти молиёт тавассути ин ширкат анҷом мешавад.
Ин кумита бо интишори баёнияе гуфтааст, асноде, ки дар ҷараёни ин таҳқиқ ба даст омадааст барои баррасӣ дар ҷараёни парвандаи ҷиноӣ истифода хоҳад шуд.
Олег Дерипаска, соҳиби ин ширкат дар баёнияе, ки мунташир карда бозрасии дафтари онро марбут ба иддаъоҳои беасоси напардохтани молиёт хондааст.
Дар ин баёния омадааст, иқдоми бозрасон марбут ба иддаъоҳои беасоси мақомоти молиётӣ ва Кумитаи бозрасӣ алайҳи «РусАл» «Фолга» (яке аз бахшҳои «РусАл») ва раҳбарияти он аст."
Дар моҳи ҷорӣ Кумитаи бозрасӣ таҳқиқоти напардохтани молиётро алайҳи раиси ширкати «РусАл» «Фолга» оғоз кард.
Игор Касянов, раиси ин ширкат дар напардохтани молиёт ба андозаи 200 миллиюн рубл (6,5 миллиюн доллар) гумонбар дониста мешавад.
Дар сурати гунаҳкор дониста шудан И.Касянов ӯро шаш соли маҳкумият ба зиндон интизор хоҳад буд.