Як навҷавони 15 солаи тоҷик дар Маскав кушта шуд

Хабари хуб 04.03.2013 14:45

UbisaНавҷавони 15-солаи тоҷик, ки дар як мактаби пойтахти Русия таҳсил мекард, аз ҷониби фарди ношиносе кушта шуд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, навҷавони тоҷик, ки шоми 25 феврал дар Русия кушта шудааст, Абдуғаниев Муқимҷон Мухторович ном дорад.

Ба иттилои ин манбаъ Абдуғаниев Муқимҷон Мухторович 26 сентябри соли 1997 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар суҳбат бо «Озодӣ» гуфтааст, ки ҳоло масъулини Консулгарӣ бо муфаттишони Кумитаи тафтишотӣ аз ҳавзаи шимолии минтақаи Петровско-Разумовская дар Маскав дар тамос буда, соати наздик, гузориши комил роҷеъ ба ҳодисаи куштори навраси тоҷик ба дасти онҳо мерасад. Тибқи иттилои дастрас,  Муқимҷон  Абдуғаниев дар натиҷаи як моҷаро бо шахси ношиносе тақрибан соатҳои 22:20 рӯзи 25 феврал дар наздикиҳои истгоҳи метрои Петровско-Разумовское  бо зарби корд кушта шудааст.

Масъулини дафтари матбуоти Кумитаи тафтишотии Русия дар суҳбат бо «Озодӣ» тасдиқ кардаанд, ки дар паи ҳодисаи куштори писарбачаи наврас парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Як ходими ин ниҳод гуфтааст, ки парванда аз рӯи моддаи 111, қ. 4-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне “куштори наврас дар натиҷаи беэҳтиётӣ дар паи расонидани зарари ҷисмонӣ” боз шудааст. “Тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки як марди ношинос дар истгоҳи нақлиёти мусофирбар дар рӯбарӯи фурӯшгоҳи “Электромаркет”, ки дар гузари Локомотивнии шаҳри Маскав  қарор дорад, дар паи моҷарое бар пояи хусумати шахсӣ ба як сокини 15-солаи Маскав ҳамла карда, ба ноҳияи рости қафаси синаи ӯ корд задааст. Дар натиҷаи осеби узвҳои дарунии бадан, ҷабрдида ба ҳалокат расид”, -гуфтааст корманди дафтари матбуоти Кумитаи тафтишотии Маскав дар суҳбати телефонӣ бо «Озодӣ».

Ба саволи Озодӣ оид ба эҳтимоли  сар задани ин ҷиноят бар пояи хусумати нажодӣ ё миллӣ ходими Кумитаи тафтишот изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, ки тафтишот шуруъ шудааст ва тамоми тафсилот дар ҷараёни таҳқиқ маълум хоҳад шуд. Вай илова кард, ки ҳанӯз ҳуввияти қотили эҳтимолӣ маълум нест, чун ин шахс аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Тахмин меравад, ки ҳамлагар ва навраси тоҷик ҳамдигарро намешинохтаанд.

Тибқи иттилои хабаргузориҳои русӣ, ки бо такя ба полиси Маскав хабар пахш кардаанд, куштор дар паи моҷарое миёни навраси тоҷик ва фарди ношиносе рух додааст. Наврас дар дохили мошини ёрии таъҷилӣ, ки ба ҷои ҳодиса расидааст, ҷон додааст. «Интерфакс» менависад, ки хонаводаи Абдуғаниевҳо “ба наздикӣ аз Тоҷикистон омада, дар  Маскав зиндагӣ ихтиёр кардааст”.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97