Айбдоркунандаи давлатии парвандаи куштори генерал Абдулло Назаров барои маҷмуъи ҷиноятҳои содирнамуда, ба ду сокини вилояти Бадахшон Оқил Аёмбеков ба муддати 17 солу шаш моҳ ва Ҳамза Муродов 16 солу шаш моҳи маҳрумият аз озодӣ талаб намуд.
Айбдоркунандаи давлатӣ гуфтааст, ки дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ иттиҳоми Оқил Аёмбеков ва Ҳамза Муродов ба кушор, сӯиқасд ба ҷони намояндаи давлат ва тасарруфи силоҳ “пурра исбот шудааст”.
Сардори собиқи Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон рӯзи 21 июл кушта шуд. Ба дунболи ин ҳодиса, рӯзи 24 июл нируҳои ҳукуматӣ дар маркази вилояти Бадахшон амалиёти вижаро шурӯъ карданд.
Бино ба навиштаи радиои «Озодӣ» Файзи Олӣ, вакили дифоъи айбдоршавандаҳо тақозо кардааст, ки нисбати Оқил Аёмбеков моддаи расондани зарари вазнини ҷисмонӣ, ки аз беэҳтиётӣ ба марг овардааст, татбиқ шавад. Вакили дифоъ гуфтааст, ки муттаҳамон Абдулло Назарови маҷруҳро ба беморхона оварда бо ин амали худ талош кардаанд, ки ҷони ӯро наҷот бидиҳанд. Вакил мегӯяд, муттаҳамон аз кирдори хеш изҳори пушаймонӣ карда, аз наздикони генерал омурзиши гуноҳашонро дархост кардаанд.
Вакили мудофеъ аз додгоҳ хостааст, ки бинобар дар ҳаракатҳои Ҳамза Муродов, ки ронандаи Назаров буда ва «ғайри хоҳиши худ шоҳиди тасодуфии он ҳодиса шудааст”, ҷой надоштани ҷиноятҳое мисоли “расондани зарари ҷисмонӣ “ ва дигар ҷиноятҳо, фақат барои хабар надодан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ айбдор дониста шавад.
Нисбати ду нафари дигари иштирокчии ҳодиса, ки ба расондани зарари ҷисмонӣ ба Абдулло Назаров айбдор дониста шудаанд, бинобар дар қайди ҳаёт набуданашон парванда қатъ ёфтааст. Ин афрод дар ҷараёни амалиёти рӯзи 24-уми июли соли гузашта дар Хоруғ кушта шудаанд.
Мурофиа рӯзи 26 феврал поён ёфта то замони чоп шудани нашрия ҳукми додгоҳ содир нашуда буд.