Саид Муртазоалиев як гуштигири доғистонӣ гуфтааст, бо нишони эътироз аз ихроҷи гуштӣ аз рӯйхати бахшҳои асосии бозиҳои олимпӣ медали тилоии олимпиро ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ бармегардонад.
Ин паёми Муртазоалиев рӯзи 26 феврал дар шаҳри Махачқалъа нашр шудааст. Ӯ дар бозиҳои олимпии шаҳри Сидней дар соли 2000 сазовори ҷойи аввал гардида буд.
Дар аввали моҳи ҷорӣ Кумитаи байналмилалии олимпӣ эълом кард, ки гуштиро аз феҳристи навъҳои аслии бозиҳои олимпии соли 2020-ум берун мекунад. Акнун гуштӣ дар миёни ҳафт навъи дигари варзиш аст, ки бояд барои шомил шудан ба рӯйхати олимпӣ талош варзанд. Баъди ин эълон раиси иттиҳодияи байналмилалии гуштӣ ба истеъфо рафт. Раиси иттиҳодияи гуштии Булғористон низ медали тилои бозиҳои олимпиро, ки худ замоне касб намудааст, ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ баргардондааст.