Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи кишвар имрӯз, 1 марти соли 2013 дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки хабари сомонаи www.tojnews.tj асос надорад.
Ба гуфтаи ин манбаъ рӯзи 25 феврали соли 2013 дар ин сомона хабаре таҳти унвони «Баҳси Боғбон ва Сафорат дар Туркия» ба табъ расидааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки «тибқи иттилои ғайрирасмӣ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Анқараи Туркия шаҳрванди ин кишвар ба суд кашидааст». Мувофиқи хабар он шахс гӯё дар сафорат ба «ҳайси боғбон кор мекардааст» ва боиси шикояти ӯ «тайи чанд моҳи ахир нагирифтани маошаш шудааст».
Ба иттилои Вазорати хориҷаи Тоҷикистон тибқи иттилое, ки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия манзур кардааст, ин хабар асосе надорад, ягон нафар аз болои Сафорат ба суд муроҷиат ё шикоят накардааст. Ҳоло Сафорат боғбон надорад. Дар ҳақиқат аз 14 майи соли 2010 то 14 ноябри соли 2012 шаҳрванди Туркия Вэли Кансу ба ҳайси боғбон-ҳавлирӯб дар Сафорат кор карда будааст, вале аз сабаби камии маош бо аризаи худаш аз кор рафтааст. Ҳангоми аз кор озод шудан Сафорат бо ӯ ҳисобии пурраи молиявиро ба анҷом расонидааст. Дар муддати фаъолияти боғбон-ҳавлирӯб миёни Сафорат ва ӯ даъвои молиявӣ вуҷуд надошт ва то имрӯз аз ҷониби собиқ боғбон ё мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Туркия ягон арзу шикоят ба Сафорат ворид нашудааст.
Сухангӯи Вазорати хориҷа ҳамчунин гуфт, ки дар ҳамин хабари сомонаи мазкур ҳамчунин омадааст: «Моҳи ноябри соли гузашта як гуруҳ хабарнигорони тоҷик шикоят карда буданд, ки Сафорати Тоҷикистон дар Туркия бо онҳо ҳамкорӣ намекунад ва ба қайдгирии онҳоро кашол медиҳад». Роҷеъ ба ин масъала бояд зикр намуд, ки хабарнигорони хориҷиро дар Туркия Вазорати корҳои хориҷии он кишвар ба қайд мегирад ва Сафорат танҳо метавонад ҳуҷҷатҳои воридшударо пешниҳод намояд. Дар Туркия 3 хабарнигор аз ВАО-и Тоҷикистон (ду нафар аз АМИТ «Ховар» ва 1 нафар аз ҳафтаномаи «Озодагон») кор мекунанд. Барои ба қайд гирифтани онҳо бояд идораҳои номбурда сари вақт мактуб пешниҳод мекарданд. Вале мактубҳо аз ин идораҳо дер расиданд. Масалан, муроҷиати АМИТ «Ховар» ба суроғаи Вазорати корҳои хориҷӣ 31.12.2012 ворид гардида, он 03.01.2013 ба Сафорати Тоҷикистон ба Туркия фиристода шуд, муроҷиати хабаргузории «Озодагон» бошад 14.12.2012 ба вазорат ворид шуда, пас аз пурра кардани ҳуҷҷатҳо 27.12.2012 ба Сафорати Тоҷикистон дар Туркия ирсол гардид. Бояд инчунин қайд кард, ки ҳангоми муроҷиати ин идораҳо ҳуҷҷатҳо ба таври пурра пешниҳод намуда буданд. Тавре мебинед, идораҳои ҳавасманд дар нимаи дуюми моҳи декабр ба Вазорат нома пешниҳод кардаанду сомонаи «tojnews.tj» дар бораи шикояти харбарнигорон дар моҳи ноябр ҳарф мезанад.
Ин сухангӯ аз намояндагони васоити ахбор умум хост, то аз нашри маълумоти беасосу носанҷида худдорӣ биварзанд.
Ноила Воҳидова,
«Миллат»