Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки тибқи тағйиротҳо дар моддаи 322-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия аз ин ба баъд муҳоҷирони меҳнатӣ барои убури ғайриқонунии марзҳои ин кишвар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳанд шуд.
Масъулони Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории як нишасти хабарӣ дар рӯзи 27 феврал дар шаҳри Душанбе таъкид бар он доштанд, ки тибқи таъғироту иловаҳои нав ба кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия масъалаи ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ минбаъд боз ҳам сахттар хоҳад шуд. Ба гуфтаи ин манобеъ, агар қаблан шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави Русия бидуни қайд зиндагӣ мекарданд, аммо он ҷиноят ҳисоб намеёфт, вале тибқи таъғиротҳои нав ба қонунгузорӣ бидуни қайди махсус дар Хадамоти муҳоҷирати Русия кору зиндагӣ кардани шаҳрванди хориҷӣ дар ин кишвар ҷиноят дониста мешавад. Ва афроди ба чунин қонуншиканӣ даст зада то 300 000 рубл ҷарима шуда ва ё ба муддати то 5 сол аз озодӣ маҳрум хоҳанд шуд.
Ин Хадамот аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан ба қаламрави Русияро доранд, дархост кард, то талаботи қонунгузории нави кишвари мазкурро ҳатман риоя кунанд. Зеро риояи қонун кафолати ранҷу озор надидани муҳоҷири меҳнатӣ хоҳад буд,- таъкид шуд дар ин нишаст.
Саидғуфрони Абдулло, муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти мазкур тағйиротҳои воридшуда ба қонунгузории Русияро шарҳ дода, афзуд, тибқи тағйиротҳои қонунгузории Русия «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия барои кор кардан дар соҳаҳои Хадамоти коммуналӣ, савдо ва хидматрасонӣ аз шаҳрванди хориҷӣ донистани забони русӣ ҳатмӣ талаб карда мешавад.
Гуфта мешавад, меъёри донистани забони русӣ аз тарафи марказҳои тестии Русия, ки дар ҳамаи ин шаҳрҳои мамлакат фаъолият доранд, муайян карда мешавад. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик метавонанд сертификат дар бораи донистани забони русиро дар шаҳри Душанбе ба даст оваранд. Барои дастрас кардани сертификат ба намояндагии муассисаи «Россотрудничество», ки воқеъ дар бинои Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар ш. Душанбе аст, метавонанд муроҷиат кунанд.
Ноила Воҳидова «Миллат»