«Рӯзи МегаФон» дар бахши «Иртибот дар ҳолати ҷаҳонишавӣ» лоиҳаи беҳтарин эътироф шуд

Хабари хуб 21.02.2013 15:32

Serebray15 феврали соли 2013. Тоҷикистон. Ширкати «МегаФон-Тоҷикистон» дар бахши «Иртибот дар ҳолати ҷаҳонишавӣ» ғолиби Ҷоизаи миллӣ дар соҳаи иртибот бо ҷомеаи «Камонвари нуқрагин» шуд.

PR-лоиҳаи «МегаФон», ки ба озмун пешниҳод шуда буд, аз чорабиниҳои маҷмӯӣ барои сокинони навоҳии мухталифи ҷумҳурӣ иборат аст. Аз ҷумладар чаҳорчуби маросими идона дар майдони марказӣ базми рақсу шоди, «Мега Дарс» барои хонандагони мактаб ва муаррифии барномаи маърифатӣ барои намояндагони ҳукуматҳо баргузор мешавад. Дар давоми соли 2012 ширкат дар 8 шаҳр ва 67 деҳаи Тоҷикистон 70 «Рӯзи МегаФон»-ро баргузор кардааст.

«Мо бори нахуст аст, ки дар чунин озмуни бонуфузу касбӣ иштирок кардем. Худи он далел, ки лоиҳаи мо ба қатори лоиҳаҳои беҳтарини озмуни «Камонвари нуқрагин» шомил шудааст, як пирӯзии бузург аст», - мегӯяд роҳбари Хадамоти PR-и ҶСП «ТТмобайл» Кармен Эткеева. Дар баробари лоиҳаҳаи мо ширкатҳои бузург, ба монанди «Газпром», «Сбербанк», шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» ва дигарон иштирок доштанд, ки ҳарифони ҷидди ба ҳисоб мерафтанд. Бино бар ин ғолибияти мо аз он шаҳодат медиҳад, ки воқеан ҳам лоиҳаи «Рӯзи МегаФон» дар бахши мазкур аз беҳтаринҳо буд ва он на танҳосоҳиби баҳои баланди ҳакамон шуд, балки барои иштирокдорони озун, ки аз кишварҳои мухталиф ҷамъ омада буданд мавриди писанд қарор гирифт. Қобили тазаккр аст, ки дар тӯли соли 2012 дар лоиҳаи «Рӯзҳои МегаФон» беш аз 100 000 нафар иштирок карданд».

Shahnoz«Лоиҳаи «Рӯзи МегаФон» дар сатҳи баланди касбӣ амалӣ шудааст. Коркарди стратегӣ ва тактикӣ, дарки пурраи ҳадафҳо ва муносибати боинсофона нисбати истеъмолкунанда лоиҳаи мазкурро дар бахши худ муносибгардонд, бинобар ин моҳангомиинтихобиғолибҳаттошубҳаҳамнадоштем», - изҳор дошт директории иҷроияи Ҷоизаи миллӣ дар соҳаи рушди иртибот бо ҷомеаи «Камонвари нуқрагин» Надежда Явдолюк.

Ҷоизаи миллии «Камонвари нуқрагин» соли 1997 аз ҷониби Палатаи Савдо ва саноати Русия, Иттифоқи журналистони ФР ва Ассосиатсияи Русия оид ба иртибот боҷомеа бунёд шудааст. Дар соли равон ба озмун 114 лоиҳа пешниҳод шуда буд, ки танҳо 80 тои он ба даври ниҳои роҳ ёфтанд, яъне барои муаррифии лоиҳаҳои худ дар назди ҷомеа ва мутахассисон соҳа ҳуқуқ пайдо карданд. Дар анҷоми муаррифиҳо ҳайати ҳакамони озмун ғолибонро аз рӯйи бахшҳои «Иртибот дар ҳолати ҷаҳонишавӣ», «Лоиҳаи беҳтарин дар соҳаи бизнес-иртибот», «Лоиҳаи беҳтарин дар соҳаи иртиботи иҷтимоӣ ва хайриявӣ», «Лоиҳаи беҳтарин оид ба рушд ва пешбарии ҳудудҳо», «Лоиҳаи беҳтарин дар соҳаи дастовардҳои илмӣ ва навовариҳо», «Лоиҳаи беҳтарин оид ба пешбарии идеяҳои варзишӣ ва тарзи ҳаёти солим», «Беҳтарин иқдом дар самти рушди робитаҳои иҷтимоӣ», «Барои саҳми фарҳангӣ», «Устод» ва «Чеҳра» муайян шуданд. 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97