Се шаҳрванди Украин, ки моҳи гузашта дар Тоҷикистон гаравгон будаву баъдан озод карда шуданд, ба кишвари худ баргаштанд.
Бино ба иттилои Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ин се шаҳрванди Украин, ки қаблан аз ҷониби кормандони Бахши корҳои дохила аз дасти як гурӯҳи гаравгонгирҳо раҳо шуда буданд, рӯзи шанбеи гузашта тариқи ҳавопаймо ба ватани хеш баргаштанд.
Гусели "меҳмонон"-и украинӣ бо ҳузури намояндаҳое аз Вазорати корҳои хориҷӣ ва корҳои дохилаи Тоҷикистон, ҳамчунин кормандони сафорати Украин дар Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Тибқи маълумоти мақомоти расмии Тоҷикистон, рабуда шудани соҳибкорони украинӣ 27-уми январ ошкор шуда, амалиёти раҳоии онҳо аз сӯи ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯзи 31-уми январ муваффақона анҷом ёфтааст.