Ширкати «МегаФон» дар миёни дигар операторони алоқаи кандуӣ аввалин шуда истгоҳи мобилии базавиро ба кор даровард. Он имкон медиҳад, ки дар навоҳии дурдасти кишвар, ҳамчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ алоқаи боэътимод таъмин карда шавад.
Истгоҳи мобилии базавии «МегаФон» маҷмӯи таҷҳизоти таҳвилдиҳандаи радиоиро, ки метавон онҳоро дар автобуси хурд аз як ҷой ба дигар ҷой бурд, иборат мебошад. Таҷҳизот ба таъмини алоқаи муштариён ҳангоми пеш омадани ҳолатҳои фавқуллода дар минтақаҳои дурдаст (масалан, баъди фаромадани тарма ё обхезиҳо), ҳамчунин ҳангоми баргузории чунин чорабиниҳои оммавӣ, ба монанди консертҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва идҳо нигаронида шудааст.
«Ҷашнгирии Соли нав, Наврӯз, Рӯзи истиқлолият ҳамеша ба он оварда мерасонад, ки сарбории шабака дар маконҳои ҷамъшавии мардум зиёд гардида ба маротиб боло меравад. Акнун мо имкон пайдо намудем, ки ба таври фаврӣ истгоҳи иловагии базавиро дар маконе, ки он зарур аст, ба кор дароварда ҳазорҳо сокинонро бо алоқаи боэътимод таъмин намоем», - мегӯяд муовини якуми директори генералӣ, директор оид ба инфрасохтори ширкати «МегаФон-Тоҷикистон» Денис Никитин.
Ба шарофати генератори дизелӣ мухторияти пурраи коршоямии таҷҳизот дар маконҳое, ки дар онҳо воситаҳои берунии таъминкунандаи барқ ба мушоҳида намерасанд, таъмин карда мешавад. Системаи автономии иқлими назоратӣ яке аз қисмҳои таркибии ИБ ба ҳисоб рафта ба гармшавӣ ё сардшавии аз ҳад зиёд роҳ намедиҳад. Ба кор даровардани ИБ на бештар аз 2 соатро дар бар мегирад. Дар ҳоле, ки сухан дар бораи таъмин кардани алоқа ҳангоми ҳолатҳои фавқуллода меравад, чунин фаврият махсусан муҳим арзёбӣ карда мешавад.