Маркази матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар медиҳад, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хидматрасонӣ ба мусофирон аз ибтидои моҳи феврали соли ҷорӣ дар фурудгоҳи байналмилали Душанбе таксиҳои Ширкати «Asian Express Airline» ба фаъолият шуруъ кардаанд.
Ин таксиҳо мошинҳои замонавӣ буда, махсус барои мусофирбарӣ омода шудаанд. Ҳоло дар шаҳри Душанбе 40 адад мошини ҳамсон машғули коранд, ки 20 адад рӯзона ва 20 адад шабона фаъолият менамоянд.
Хусусияти хоси ин таксиҳо дар он аст, ки дар салон ҳисобкунак насб гардида, баробари ба роҳ баромадан ҳар км-и тайкарда ба ҳисоб гирифта мешавад. Алъон нархи як км роҳи тайкарда рӯзона 2.10 дирам ва шабона 2.50 дирамро ташкил медиҳад.
Ширкати «Asian Express Airline» фаъолияти худро дар бахши мусофирбарӣ ба роҳ монда, дар назар аст оянда доираи хидматрасониҳоро боз ҳам васеъ намояд. Мизоҷон метавонанд барои даъвати таксӣ ба рақами 16-16 занг зада, соати муайяни хидматрасониро барои худ фармоиш бидиҳанд. Таксиҳои замонавӣ ҳусни пойтахтро зеб бахшида, амнияти мусофиронро таъмин менамояд, - ақида доранд ронандагони ин таксиҳо.
Дар назар аст, ки ояндаи наздик, ҳавопаймоҳои ширкати «Asian Express Airline» низ ба хидматрасонӣ шуруъ хоҳад кард.