Кобулшо Идрисов, тарҷумони тоҷики муқими Маскав барои тарҷумаи китоби "Тафсири сураи Ҳамд"-и Имом Ҳумайнӣ аз форсӣ ба русӣ ҷоизаи китоби соли Эронро дарёфт кард.
Дар бистумин ҷашнвораи ҷаҳонии "Китоби сол" Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон ба Кобулшо ин ҷоизаро тақдим намуд.
Кобулшои тоҷик дар Ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Федератсияи Русия ба ҳайси мутарҷим кор мекунад ва ҳамчунин узви Бунёди байналмилали эроншиносӣ дар Маскав ва узви Форуми ҷаҳонии гуфтугӯи тамадунҳо дар Юнон мебошад.