Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Оинномаи Маҷмаъаи порлумонии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодиро(СҲИ) имзо гузошт.
Маросими имзои ин санад рӯзи 11 феврал, дар шаҳри Исломободи Покистон дар ҳошияи конфронси якуми Маҷмаъаи порлумонии СҲИ баргузор шудааст.
Тибқи ин оиннома, конфронси Маҷмаъаи порлумонии СҲИ ҳамасола дар яке аз кишварҳои узви созмон баргузор мегардад.
Рӯзи 11 феврал, ҷаласаи Шӯрои Маҷмаъаи порлумони Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ баргузор шуда ва дар он раиси Шӯро интихоб гардидааст.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯйи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ин маврид гуфт, ки Шукурҷон Зуҳуров бо доктор Дония Азиз, муовини раиси Маҷмаъаи миллии Покистон низ дидор кардааст.
Зимнан, Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар моҳи марти соли 1977 аз ҷониби Эрон, Покистон ва Туркия таъсис шуда ва дар соли 1992 шаш кишвари собиқи шӯравӣ ва Афғонистон ба ин созмон пайвастанд.