Тоҷирони бозори марказии ноҳияи Восеъ пас аз чанд соати коршиканӣ, ба эътирозӣ худ хотима доданд.
Бино ба иттилои хабарнигори маҳаллии "Озодӣ", пас аз суҳбати нозирони андоз, бештари тоҷирон ҳамакнун дубора ба маҳалли кори худ баргаштаанд.
Аммо Сайлонбӣ, яке аз тоҷирзанони бозори Восеъ дар суҳбат бо хабарнигори «Миллат» гуфт, ки субҳ вақте мехост, ба сари кори худ биравад, дарвозаи бозорро баста ва тоҷиронро ошӯфта дарёфтааст. Ӯ мегӯяд, ки болоравии қиммати андоз ва арзиши иҷораи ҷой дар бозор тоҷирон ва худи ӯро хеле нигарон кардааст. Пас аз ваъдаи мақомоти дахлдори ноҳия ӯ ва бисёре аз тоҷирзанон ба хонаҳои худ баргашта, мунтазири натиҷаи амали мақомот хоҳанд монд. Зеро ба гуфтаи мусоҳиби мо, бо ин хароҷоте, ки тоҷирон сарфи андозу иҷораи ҷой дар бозор бояд бикунанд, имкони идома додани кор дар бозор нест.
Субҳи 13-уми феврал беш аз сад нафар тоҷирони бозори марказии ноҳияи Восеъ, даст ба коршиканӣ задаанд. Онҳо ба нишони эътироз аз болоравии андоз, дар рӯбарӯи бинои ҳукумати ноҳия ҷамъ омада ва хостори поён бурдани андозҳо шудаанд.
Эмомалӣ Саидов, сардори нозирони андози ноҳияи Восеъ дар рӯбарӯи тоҷирон ваъда додааст, ки ба мушкилоти онҳо расидагӣ хоҳанд кард. Зоҳиран эътирозгарон ба ваъдаи нозироти андоз ва раиси бозор бовар карда дубора ба маҳалли кори худ баргаштанд. Аммо иброз доштанд, ки дар сурати иҷро нашудани ваъдаи мақомот, дубора эътироз хоҳанд кард.
Бозори марказии Восеъ, яке аз бузургтарин бозорҳои минтақаи Кӯлоб ба шумор рафта ва сокинон аз тамоми ноҳияҳои дигари минтақа ба онҷо барои хариду фурӯш меоянд.
Давоми моҳи ҷорӣ ин барои бори дуввум аст, ки тоҷирони бозорҳои Тоҷикистон даст ба коршиканӣ мезананд. Аз ин қабл дар таърихи 4-уми феврал даҳҳо тан аз тоҷирони бозори «Сомон» воқеъ дар шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров, дар эътироз ба боло бурдани андозҳо, коршиканӣ карда буданд.
Танҳо баъд аз вохӯрии тоҷирон бо мақомот ва ваъдаи мақомот барои беҳтар сохтани фаъолияти тоҷирон дар бозор онҳо дубора дари дӯконҳои худро ба рӯи харидорон боз карданд. Ҳамчуноне ки тоҷирони бозори марказии ноҳияи Восеъ ба умед ба сари кори худ баргаштанд.