60 бурсияи таҳсилии донишгоҳи Теҳрон барои Тоҷикистон

Хабари хуб 11.02.2013 14:50

Donishgohi  TВазорати улум, таҳқиқот ва фановарии Ҷумҳурии исломии Ирон дар назар дорад теъдоди 60 бурсияи таҳсилӣ ҷиҳати таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи Теҳрон дар риштаҳои кимиё, физик, биокимиё, биофизик, адабиёти форсӣ, мудирият ва… ҳоказо вогузор намояд.

Донишҷӯён ва донишомӯзони алоқаманд ба таҳсил дар донишгоҳи Теҳрони Ҷумҳурии исломии Ирон метавонанд то таърихи 01-03- 2013 бо дар даст доштани мадорики таҳсилӣ, назири гувоҳи таҳсилӣ, гувоҳи беҳдоштӣ, ду қитъа акс нисбат ба сабти ном дар маҳалли сафорати Ирон дар шаҳри Душанбе иқдом намоянд.

Баргузории озмуни мусоҳиба аз довталабон тайи рӯзҳои 10 то 15 уми моҳи март анҷом хоҳад пазируфт.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97