Дар Тоҷикистон нахустин бор тарофаи нав бо номи «Интернети кӯдакона» пешниҳоди муштариён гашт.
Ширкати «Телеком Технолоҷи», аз мубтакирони ин иқдом дар Тоҷикистон, зимни муаррифии хадамоти нави интернетӣ эълом кард, ки хадамоти нав барои муштариёни синни томактабӣ ва мактабӣ пешбинӣ шуда, дастрасиро ба бештар аз 100 сомона фароҳам меоварад, ки бо машварату маслиҳати равоншиносону омӯзгорон интихоб шудаанд. Ин хидматрасонӣ аз 6 бахши зерин иборат аст; афсона, бозиҳои кӯдакона, таълимӣ, рушддиҳанда, порталҳо ва филмҳои тасвирӣ мебошанд, ки мувофиқи он кӯдакон метавонанд доир ба фанҳои гуногун, аз қабили нуҷумшиносӣ, кимиё, биология, риёзиёт, забонҳои хориҷӣ ва ҳоказо ҳам ба таври амалӣ ва ҳам назариявӣ маълумот бигиранд ва худомӯзӣ бикунанд. Ҳамчунин дар ин сайтҳо ҳар гуна ҳунарҳои дастӣ, филмҳои тасвирии мухталифи шӯравӣ ва муосир дастрасанд, ки ба рушди зеҳнии кӯдакон ҳамаҷониба мусоидат мекунанд.
Бо он ки маълум нест, ки теъдоди истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон аз ҳисоби наврасону кӯдакон чӣ қадар аст, аммо гуфта мешавад, ҳар 2-юмин нафар дар кишвар ба шабакаи интернет дастрасӣ дорад.
Дар ҳамин ҳол, пажуҳише, ки ахиран аз ҷониби ширкати амрикоии Symantec дар 30 кишвари дунё гузаронида шуд, собит кардааст, ки ҳамарӯза бештар аз 70 дарсади мактаббачагон аз интернет истифода мебаранд, ки 62 дар садашон бо сомонаҳои дорои таъсири манфӣ рӯбарӯ мешаванд. Ин пажуҳиш ҳокист, ки 20 дар сад аз онҳо дӯстони калонсоли нохубро пайдо менамоянд. 13 дар сади дигар филмҳоеро, ки дар он фаҳшу шиканҷа ҷой дорад, тамошо мекунанд. Ҳамчунин 29 дарсад машғули ҳар гуна бозиҳои онлайние, ки ба равони кӯдак таъсири бад дорад, мегарданд.
Ширкати «Телеком Технолоҷи» қасд дорад дар ин самт дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии кишвар хидматрасонии мазкурро дар боғчаву мактаб ва литсею гимназияҳо роҳандозӣ намояд. Истифода аз ин хадамот, дар як моҳ барои шаҳрвандон вобаста ба суръати интернет аз 40 то 250 сомонӣ ва барои муассисаҳо аз 75 то бештар аз 2 ҳазор сомонӣ аст.