Сандуқи Кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) аз кишварҳои кумаккунандаи ҷаҳон хостааст, то барои иҷрои тарҳҳои мусоъидат ба кӯдакон дар Гурҷистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 8,2 милюн дулор тахсис диҳанд.
Тибқи иттилоъи Маркази иттилооти Созмони Милали Муттаҳид, ин маболиғ барои ниёзҳои кӯдаконе, аз ҳаводиси табиъӣ ва вазъияти фавқулодда дар ин кишварҳо ранҷ бурдаанд, масраф хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, кӯдакони Тоҷикистон, асосан, аз ҳаводиси табиъӣ ва бемориҳои мусрӣ, назири полиомиелит осеб дидаанд.
Кӯдакони Гурҷистону Қирғизистон бар асари мухолифатҳои қавмию миллӣ маҷбур шудаанд, маҳалли зисти худро тарк карда ва дар манотиқи дигар паноҳанда шаванд.
Зимнан, ин даъвати ЮНИСЕФ дар чорчӯби барномаи Аъмоли башардӯстона ба хотири бачаҳо-2013 сурат гирифтааст, ки ин ниҳод дар садад аст барои иҷрои он 1,4 миллиард доллар ҷамъоварӣ кунад.