8 000 000-умин сокини Тоҷикистон ба дунё омад

Хабари хуб 06.02.2013 19:00

8 MLNТелевизиони Тоҷикистон хабар додааст, ки навзоди ҳаштмиллионнафарии Тоҷикистон соати ҳафти субҳи рӯзи 5 феврал дар таваллудхонаи рақами 3-и пойтахт ба дунё омадааст.

8 000 000 шаҳрванди Тоҷикистон дар як хонаводаи тоҷик дар маҳаллаи Буни Ҳисораки пойтахт таваллуд шудааст.

Сокини навзоди ҳашт миллионнафари Тоҷикистон духтар буда, 2 килову 700 грам вазн дошта, қоматаш ба 48 сантиметр баробар мебошад ва пизишкон саломатии ӯро хуб арзёбӣ мекунанд.

Бино ба иттилои Ожонсии омори Тоҷикистон, аҳолии Тоҷикистон то 1 январи соли 2013 ба 7 миллиону 984 ҳазору 800 нафар баробар будааст. Интизор меравад, ки аз ҷониби президенти Тоҷикистон ба ин хонаводае, ки сокини ҳаштмиллионуми Тоҷикистонро ба дунё овардаанд, як хонаи дуҳуҷрадор тақдим карда шавад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97