Муштариёни Интернет дар Тоҷикистон афзудаанд

Хабари хуб 04.02.2013 21:37

InetДар соли гузашта теъдоди истифодабаранда-гон аз шабакаи Интернет дар Тоҷикистон ба 3,5 милюн нафар расидааст, ки ин рақам дар муқоиса ба нишондоди соли 2011 беш аз ду баробар бештар будааст.

Бино ба иттилоъи Идораи иртибототи Тоҷикистон, теъдоди муштариёни шабакаи Интернет дар солҳои 2010 ва 2011 мутаносибан ба 800 ҳазор ва 1 миллиёну 800 ҳазор нафар баробар будааст.

Масъулони ин ниҳод, афзоиши сареъи муштариёни шабакаи Интернет дар Тоҷикистонро ба бештар шудани ниҳодҳои ироъакунандаи Интернет ва поин рафтани ҳаққи истифода аз Интернет марбут хонданд.

Ҳамчунин, дар нишасти хабарӣ дар рӯзи 30 январ, масъулони Идораи иртибототи Тоҷикистон аз боло рафтани теъдоди муштариёни телефонҳои мобилӣ дар кишвар хабар доданд.

Гуфта мешавад, теъдоди умумии муштариёни иртибототи мобилӣ ба 8,3 миллиён нафар расида, аз ин ҷумла, 4,7 миллиё нафар ба таври доимӣ аз ин навъи иртиботот истифода мебаранд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97