Шарифи Раҳимзода , вазири рушди иқтисод ва тиҷорат, ки рӯзи 29 январ дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки дар бархе маворид дар ниҳодҳои гумрукӣ арзиши маводди содиротӣ аз қимати воқеъӣ бамаротиб камтар сабт мешаванд.
Вазир ба унвони мисол аз баҳои меваи хушк, аз ҷумла зардолу, ном бурда гуфтааст, ки дар асноди гумрукии Тоҷикистон як килограм зардолуи хушк 33 сент сабт гардидааст.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, қимати ин навъи меваи хушк ҳатто дар бозори дохилӣ аз 5 то 7 доллар ва дар бозорҳои Русия аз ин ҳам бештар аст.
Бино ба иттилоъи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, дар соли гузашта ба хориҷи кишвар ба миқдори 163 ҳазор тон меваи хушк ва сабзиҷот содир шудааст, ки аз ин ҷумла, меваи хушк 100 ҳазор тонро ташкил додааст.
Дар омори расмии давлати Тоҷикистон, пуле, ки ба ҳисоби фурӯши меваи хушку сабзиҷот ба даст омада, баробари 42 миллиён доллар сабт шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи Би-би-сӣ масъулони Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, танҳо қимати воқеъии меваи хушкро аз 600 то 800 миллиён доллар арзёбӣ кардаанд.
Гуфта мешавад, имкон дорад дар молҳои дигари содиротӣ низ чунин вазъият вуҷуд дошта бошад.
Тибқи гузориши расмии Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, мизони тиҷорати хориҷии кишвар дар соли гузашта болиғ ба 5 миллиард доллар будааст, ки ин рақам дар муқоиса бо нишондоди соли 2011 ба миқдори 15 дар сад афзоишро нишон медиҳад. Дар ин гузориш тавозуни содироту воридоти Тоҷикистон манфӣ арзёбӣ шуда ва мизони воридот аз содирот ба андозаи 2,4 милиард доллар бештар аст.
Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ асосан алюминиюм, пахта, меваю сабзиҷот ва маҳсулоти кишоварзӣ содир карда ва аз кишварҳои дигар маводди сӯхтӣ, гандуму орд, чӯб, филизоти сиёҳ, гилхок барои корхонаи "Талко" ва таҷҳизоти фаннӣ ворид мекунад.
Дар ҳамин ҳол, масъулони ин вазорат таъкид карданд, ки дар соли гузашта мизони содироти маводди хоми алюминиюм ва пахта аз 3 то 5 дар сад коҳиш ёфта ва ба кишварҳои хориҷӣ бештар молҳои таҳияшуда аз ин мавод содир шудааст.