ФБД: Низомиёни амрикоӣ дуруғ мегӯянд

Хабари хуб 02.02.2013 11:49

Kom IrХадамоти матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иддаъои низомиёни амрикоиро дар мавриди машғул будани ширкати "Ком Эйр" ба коҷоқи маводди мухаддир дуруғ хондааст.

Дар баёнияи ин ниҳод омадааст: "Чунин мешуморем, ки даъвои ҳарбиёни амрикоӣ нисбати ширкати "Ком Эйр" беасос буда, изҳороти ҷониби ҳарбиёни амрикоӣ на танҳо ба обрӯи ширкати "Ком Эйр", балки ба обрӯи байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ латма ворид намудааст.

Ҳафтаи гузашта Амрико "КомЭйр", ширкати бузургтарини хусусии Афғонистонро, ба далели интиқоли маводди мухаддир ба Тоҷикистон тавассути ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ ба "рӯйхати сиёҳ" шомил кардааст. Ин иттилоъ тариқи Вол Стрит Ҷорнал (Wall Street Journal), як маҷаллаи муътабари амрикоӣ нашр шудааст.

Бино ба навиштаи ин маҷалла мақомоти низомии Амрико, генерол Ҷеймз Матис, фармондеҳи нируҳои марказии Ховари Миёна зимни судури тасмиме ҳамкорӣ бо ширкати "Ком Эйр"- ро барои низомиёни Амрико мамнуъ кардааст.

Ин тасмим ба дунболи таҳқиқи як гуруҳи кории амрикоӣ гирифта шудааст, ки "Ком-Эйр"-ро дар қочоқи маводди мухаддир дар дохили Афғонистон ва хориҷ аз он муттаҳам мекунад.

Генерал Ричард Лонго, фармондеҳи ин гуруҳи корӣ гуфтааст: Иёлоти Муттаҳида бо онҳое, ки фаъолиятҳои ғайриқонуниро ҳимоят ва сармоягузорӣ мекунанд, ҳамкорӣ нахоҳад кард.

Ин генерал таъйид кардааст, ки гуруҳи корие як таҳқиқеро дар бораи фаъолиятҳои "КомЭйр" анҷом дода, аммо иттилоъот дар ин бора махфӣ будааст. Вай афзудааст: Ком Эйр ширкати бузург аст ва ончи дар ин ширкат мегузарад, аз назар дур намемонад.

Маҷаллаи"Вол Стрит Ҷорнал" дар мақолаи худ таҳти унвони Амрико ширкати ҳавопаймоии Афғонистонро дар қочоқи тарёк муттаҳам мекунад навишта: Ҳимояти мақомоти баландпояи Тоҷикистон аз қочоқчиён, ин кишварро ба масири тарёк аз Афғонистон ба кишварҳои ҷаҳон табдил додааст.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон дар марзҳои  кишвар бо Афғонистон аз қочоқчиён ҳудуди се тон маводди мухаддир ошкор ва мусодира карданд.

Қочоқи маводди мухадири Афғонистон аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ба кишварҳои урупоӣ яке аз мавзуъоти мавриди нигаронии ҷиддии кишварҳои ғарб будааст.

Ширкати ҳавопаймоии "Ком Эйр" аз моҳи декабри соли 2007 то инҷониб дар хатсайри Кобул-Душанбе-Кобул ҳафтае як маротиба парвоз анҷом медиҳад. 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97