Бино ба навиштаи Би-би-сӣ натоиҷи як бозрасӣ дар корхонаи алюминиюми Тоҷикистон, «Талко», ки бо ҳимояти Бонки Ҷаҳонӣ анҷом шуда, даракгӯ аз он аст, ки масрафи нируи барқ дар ин корхона ғайримуассир аст.
Корхонаи алюминиюм бузургтарин масрафкунандаи нируи барқ дар Тоҷикистон буда ва ҳудуди 39 дарсад аз нируи барқи тавлиди дохилиро масраф мекунад.
Дар ҳоле ки дар гӯшаву канори Тоҷикистон дар фасли сармо лимити барқ ҷорист, «Талко» аз имтиёзоти молӣ дар заминаи пардохти ҳаққи масрафи нируи барқ бархурдор аст ва нируи барқро бо нархи арзон харидорӣ мекунад.
Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, ки тоза мунташир шуда, фанноварӣ ва таҷҳизоти куҳна, мудирияти нодуруст дар заминаи истифода аз энержӣ ва пойин будани кайфияти тавлиди анод аз иллатҳои аслии масрафи зиёди нируи барқ дар корхонаи «Талко» хонда шудааст.
Аудит ё бозрасии корхонаи алюминиюмро бо тақозои Бонки Ҷаҳонӣ консорсиюме муташаккил аз ширкатҳои норвегӣ, укроинӣ ва тоҷикистонӣ таҳти раҳбарии ширкати "Norsk Energi" дар соли гузашта анҷом дода, вале гузориши Бонки Ҷаҳонӣ аз натоиҷи он тоза мунташир шудааст.
Дар ин гузориш аз ҷумла омадааст: "Ҳангоми баррасии мизони масрафи энержӣ дар "Талко" барои электролиз ошкор шуд, ки ин корхона дар муқоиса бо дастгоҳҳои мудерни электролиз 20 дарсад бештар нируи барқро масраф мекунад. Ин дар ҳолест, ки фановариҳои пешрафтаи «Hall-Heroult» имкон медиҳад, ки 40 дарсад камтар аз "Талко" нируи барқ масраф шавад."
Тибқи ин гузориш, бештари кӯраҳои анод, ки дар даҳаи 1970 бунёд шудаанд, фарсуда шуда ва аз ин лиҳоз гармӣ талаф мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дар гузориш вазъи системаи барқрасонӣ дар "Талко", аз ҷумла, трансформаторҳо қаноъатбахш арзёбӣ шудааст.
Бонки Ҷаҳонӣ пешниҳод кардааст, ки корхонаи "Талко" раванди поксозии анод ва шароити кори кӯраҳои гудозандаро беҳтар карда ва аз ин тариқ ба боло бурдани кайфияти гудохтани филиз муваффақ шавад.
Ба гуфтаи ин созмони байналмилалии молӣ, феълан дар ин корхона барои тавлиди анод дар муқоиса бо корхонаҳои дорои таҷҳизоти пешрафта се баробар бештар энержӣ масраф мешавад.
Ҳамчунин, анод аз манбаъи аслии пайдоиши газҳои гулхонаӣ арзёбӣ шуда ва таъкид гардидааст, ки дар сурати роҳандозии тадобир барои сарфаҷӯйӣ аз нируи барқ имкон дорад мизони партоби газҳои гулхонаӣ солиёна то 2 миллиён тон коҳиш ёбад.
Гуфта мешавад, барои иҷрои ин амр бояд муассир будани кори электролизерҳо (таҷҳизот барои гудохтан ё сард кардани электролизҳо) таъмин шавад. Бонки Ҷаҳонӣ тавсия додааст, ки фаъолияти электролизерҳоро қатъ шуда ва онҳо бояд тармим шаванд.
Дар гузориш омадааст, ки мумкин аст барои ислоҳи вазъи мавҷуда корхонаи "Талко" ба машварати коршиносони ширкатҳои маъруфи алюминиюм ниёз дошта ва барои интиқол ва назорати гилхок дар электролит ва беҳбуди кори кӯраҳои филизгудозӣ ду тарҳи сармоягузорӣ лозим аст.
Мизони масрафи энержӣ дар корхонаи "Талко" дар соли 2011 5,487 миллард киловат-соъатро ташкил додааст, ки аз ин миқдор 93,5 дар сад барои тавлиди электролиз масраф шудааст. Ин рақам 39 дар сади нируи барқро, ки дар Тоҷикистон тавлид шудааст, ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, дар ин сол барои тавлиди анод ба миқдори 45,9 миллиён метри мукаъаб гази табиъӣ масраф шудааст.
Феълан дар корхонаи «Талко» таҷҳизоти тавлиди газ аз ангишт ё зуғол насб шуда ва ба ин ҳисоб ниёзҳои ин корхона ба гоз то андозае бароварда мешавад.