Таъини намояндаи ҷадиди AKDN

Хабари хуб 31.01.2013 15:59

ogoНамояндаи доимии ҷадиди Ташкилоти Оғохон оид ба тавсеъа (AKDN) маъмурияти худро дар Тоҷикистон оғоз бахшид.

Ташкилоти Оғохон оид ба тавсеа (AKDN) бо камоли хушнудӣ эълом медорад, ки 30 январи соли 2013 ҷаноби Акбар Алӣ Песнанӣ ба ҳайси Намояндаи доимии ҷадиди  ташкилоти мазкур дар Тоҷикистон ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳамрохон Зарифӣ эътиборномаи хешро супурд. Ҷаноби Песнани дар ин вазифа ҷаноби Мунир Мералиро иваз намуд, ки 28 январи соли 2013  муҳлати рисолати  ҳафтсолаи ӯ дар Тоҷикистон ба итмом расид.

Ҷаноби Песнанӣ  дар сохторҳои Ташкилоти Оғохон оид ба тавсеъа таҷрибаи зиёда аз чилсолаи фаъолияти корӣ дорад. Дар ҳоли ҳозир ӯ Раиси раёсати Аввалин бонки молияи хурди Афғонистон ва Покистон, Раиси Раёсати Хадамоти Оғохон оид ба фарҳанг дар Покистон аст. Ӯ ҳамчунин Директори Раёсати Ширкати бимаи Jubilee Insurance Co. ва Хадамоти рушди соҳибкорӣ дар Покистон мебошад. Қаблан ӯ сарварии Кумитаи роҳбарикунандаи барномаи рушди заминҳоеро, ки дар минтақаи хавфи заминларза дар Кашмир қарор доштанд, бар уҳда дошт.  

Фаъолияти касбии Ҷаноби Песнанӣ аз кор дар вазифаҳои масъули молиявию роҳбарикунандаи созмонҳои сершумор, аз ҷумла Бемористони Донишгоҳи Оғохон дар Қарочӣ, Ширкати Ғулом Фаррух Групп (Ghulam Faruque Group), ки гуруҳи истеҳсолию тиҷоратии Покистон аст, инчунин Раиси Бандари Гвадар ва Маъмурияти оид ба татбиқи лоиҳаи Бандари Гвадар дар Покистон иборат аст.

Ташкилоти Оғохон оид ба рушд ба Ҷаноби Песнанӣ дар иҷрои вазифаи наваш муваффақият хоста, ба собиқ Намояндаи доимии Ташкилои Оғохон оид ба тавсеъа ҷаноби Мунир Мералӣ барои роҳбарияш ба Ташкилоти мазкур, инчунин барои саъйю кӯшиши ӯ дар роҳи рушди фаъолияти Ташкилот дар Тоҷикистон изҳори сипос намудааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97