Кумитаи истилоҳот ва забон: Гузариш аз хати кирилӣ ба ниёгон ногузир аст

Хабари хуб 31.01.2013 11:21

iraniantypo041Гузаштан аз алифбои кирилӣ ба хати ниёгон дер ё зуд сурат хоҳад гирифт, - иброз намуд зимни нишасти матбуъотӣ, мудири бахши тахассуси забоншиносии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати ҶТ Муҳаммад Муродов.

Ба гузорише аз "АП" зимни тавзеҳи изҳороти худ Муродов қайд намуд, ки ба воситаи хати кирилӣ наметавон пурра ва бехато он ҳама назокат ва нозукиҳои забони тоҷикиро ифода кард. Ӯ гуфтааст: "Маҳз  ҳамин боис гаштаааст, ки солҳо баҳсу мунозара оиди бе хато ва дуруст навиштани калима ва иборот ва чандин маротиба ворид намудани тағийрот дар грамматикаи забони тоҷикӣ  идома дорад".

Ӯ афзудааст, барои гузаштан ба хати форсӣ зиёд намудани соъатҳои омӯзиши алифбои форсӣ дар макотиби мутавассита ва донишгоҳҳо зарурат дорад. "Марҳила ба марҳила зиёд намудани соъатҳои омӯзишии алифбои порсӣ ва ба ин тарз гузаштан аз сириллик ба порсӣ осонтар меуфтад" - шарҳ дод Муродов.

Дар акси ҳол бештари аз таълифот ва нигоштаҳои адабиёти классики форсӣ  тоҷикӣ наомӯхта ва барои мардуми авом нофаҳм хоҳанд монд. Инчунин масъалаи бехато навиштан низ барои ҳамеша боқӣ хоҳад монд.

Аммо вазири маорифи Тоҷикистон Нуруддин Саидов 7  уми январ зимни нишасти матбуъотӣ иброз намуд, ки ӯ муқобили гузариш аз алифбои кирилӣ ба форсӣ аст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97