«МегаФон»: Робитаи боэътимод барои беш аз 1 800 000 муштарӣ!

Хабари хуб 30.01.2013 09:36

Foto itogova28 январи соли 2013. Дар соли 2012 ширкати «МегаФон» аз рӯйи суръати сохтмони истгоҳҳои базавӣ ва рушди шабакаи хусусии фурӯш дар ҳудуди Тоҷикистон натиҷаҳои рекордиро нишон дод.

Мувофиқи натиҷаҳои соли сипаришуда оператор беш аз 500 истгоҳҳои нави базавии 2G ва 3G-ро ба кор даровард. Дар ҳоли имрӯз зиёда аз 2 000 ИБ, ки 170-тои он дар навоҳии дурдасти кишвар ҷойгир мебошанд, муштариёни Ширкатро бо алоқаи боэътимод таъмин мекунанд. Бахусус, дар соли 2012 истгоҳҳои базавии «МегаФон» дар ноҳияҳои Мурғоб ва Ишкошими Вилояти Мухтори куҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба кор дароварда шуданд ва ин амал ба муштариён имкон дод, ки алоқаи мобилӣ ҳамчунин дар ағбаи Қулмаи воқеъ дар сарҳади Тоҷикистону Чин низ истифода бурда шавад.

Тибқи натиҷаҳои соли 2012 шабакаи хусусии фурӯши оператор то ба 3 маротиба васеъ шудааст. Ин ҳатто ба муштариёни дар гӯшаҳои дурдасттарини кишвар умр ба сар мебурда имкон дод, ки аз хидматрасониҳои боэътимоди алоқаи «МегаФон» истифода намоянд. Барои мизоҷони корпоративӣ ширкат марказҳои муосири хидматрасониро дар се шаҳри бузург – Душанбе, Хуҷанд ва Қурғонтеппа ифтитоҳ намуд.

Дар давоми соли 2012 «МегаФон» доираи хидматрасониҳои худро барои муштариён васеъ намуда, хидматгузориҳои муносиб ва ҳангоми пайвастшавӣ ва истифодабарӣ соддаро пешниҳод намуд. Ин иқдом аз ҷониби муштариёни Ширкат баланд баҳогузорӣ гардид, зеро дар соли гузашта тибқи омор муштариёни «МегаФон» ба ҳисоби миёна дар муқоиса бо соли 2011 ҳармоҳа 15 дақиқа бештар гуфутугӯ кардаанд.

«Дар соли гузашта мо пайваста ба ҳалли масъалаи вобаста ба боэътимод гардонидани алоқа ва босифату осон намудани хидматгузориҳо барои муштариён машғул будем. Дар давоми соли 2012 «МегаФон» ба таври назаррас шабакаи хусусии фурӯшро васеъ намуда, айни замон масофа аз худи нуқтаи ғарбии фурӯши мо то нуқтаи шарқӣ беш аз 650 км-ро ташкил медиҳад! Ҳамчунин миқдори истигоҳҳои базавӣ афзудааст. Хулас – беш аз 1 800 000 сокини кишвар муштариёни мо ба ҳисоб мераванд», - мегӯяд директори иҷроияи ширкати «МегаФон» дар Тоҷикистон Андрей Шишковский. 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97