Вазири об: Тоҷикистон ҳамсояҳоро ройгон бо об таъмин мекунад

Хабари хуб 30.01.2013 09:21

BobokalonovВазири обу обёрии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, Тоҷикистон ҳамсояҳоро ройгон бо об таъмин мекунад.

Раҳмат Бобокалонов , вазири обу обёрии Тоҷикистон, рӯзи 22-юми январ зимни баргузории як нишасти матбуотӣ дар робита ба масъалаи тақсими захоири оби кишвар бо давлатҳои поёноби минтақа гуфт, ки ҳатто Тоҷикистон дар соли 2012 аз лимите, ки барояш муқаррар шудааст, 1 миллиард мукааб об камтар истифода кардааст.

Ба қавли вазир, агарчӣ об дар ҷаҳон ҳамчун мол шинохта шуда, хариду фурӯш мешавад, амм захоири оби Тоҷикистон мисли солҳои пешин ройгон ба ҳамсояҳо дода мешавад.

Вазир афзуд, дар ҳоли ҳозир дар масъалаи тақсими захоири об бо кишварҳои поёноб, аз ҷумла Узбакистону Туркманистон мушкиле вуҷуд надорад. Аммо Вазорати обу обёрии Тоҷикистон бештар аз вазъи обёрӣ дар дохили кишвар нигарон аст.

Раҳмат Бобокалонов мегӯяд, азбаски хоҷагиҳои деҳқонӣ қарзи худро сари вақт ба вазорат барнамегардонанд, насосҳои обкашӣ таъмир карда намешавад ва дар натиҷа чунин ҳолат ба вазъи кишту кор таъсири манфӣ мерасонад. Ӯ гуфт: "Азбаски дар хоҷагиҳо ҳисобкунак вуҷуд надорад, вазорат ҳам наметавонад мушаххас кунад, ки чӣ қадар об мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст".

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97