Рустам Менгалиев, вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 22 январ дар як нишасти хабарӣ дар робита ба навори видеоии маҳбусони Хуҷанд, ки моҳи ноябри соли гузашта дар расонаҳо пахш шуда буд, гуфт, ки барои ташхиси тамоми нукоти ин навор гуруҳи мутахассисон таъсис дода шудааст.
Вазири адлия афзуд, баробари ба поён расидани ташхиси ин навор, хулосаи гуруҳи корӣ тавассути расонаҳо ба мардум расонда хоҳад шуд.
Дар ин навор, ки моҳи ноябри соли гузашта аз тариқи наздикони маҳбусони Хуҷанд ба ихтиёри расонаҳои хабарӣ гузошта шуда буд, чанд тан аз маҳбусон мегӯянд, аз аввалин лаҳзаҳои вуруд ба маҳбаси шумораи 3-и Хуҷанд ҳадафи таҳқиру тавҳин ва латукӯби дастҷамъонаи нозирони маҳбас қарор гирифтаанд. Дар ин навор ҳар кадоме аз онҳо пайи калтакҳои резиниро дар китфу шона ва тахтапушти худ нишон медиҳанд. Бархе аз онҳо мегӯянд, аз чунин муносибат ба Додситонии кулли Тоҷикистон шикоят бурдаанд.
Ин маҳбусоне, ки дар навори видеоӣ мегӯянд, мавриди шиканҷа ва латукӯб дар маҳбаси Хуҷанд қарор гирифтаанд, аз ҷумлаи 59 маҳбусе мебошанд, ки аз муассисаҳои ислоҳии шумораи 1 ва 6-и Душанбе ба маҳбаси рақами 3-и Хуҷанд интиқол ёфтаанд. Интиқоли ин афрод баъд аз он ба вуқуъ пайваст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи ҳалокати Ҳамза Икромзода, як сокини деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор дар зиндони рақами аввали Душанберо зери назари худ гирифт.
Вазири адлияи Тоҷикистон дар посух ба ин суоли хабарнигорон, ки оё то кунун кадоме аз омилони марги маҳбусон дар зиндонҳои кишвар ҷазо гирифтаанд, гуфт, танҳо омилони марги Аҷик Қаюмов дар зиндони Ваҳдат маҳкум шуда, парвандаи бақия дар дасти додситонист ва аз ҷумла, қазияи марги Ҳамза Икромзодаро низ додситонӣ тафтиш мекунад.