Русия ва Тоҷикистон дар мавриди созишномаи лағви боҷи содиротии маҳсулоти нафтии Русия ба ҳамдигар гузаштҳо кардаанд.
Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон, рӯзи 23 юми январ зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки ҳайати Тоҷикистон тавонист, банди 6-уми созишномаи байнидавлатӣ бо Русияро бипазирад ва дар иваз банди 7-умро аз байн бубарад. Бино бар ин банди 6 судури дубора ё реэкспорти маҳсулоти нафтии Русия аз тарафи Тоҷикистон манъ аст. Вазири энергетика ва саноат гуфт, ҳукумати кишвар ба тарафи Русия кафолат медиҳад, ки ин мавод реэкспорт нахоҳад шуд.
Аммо банди 7-ум ба эътибор пайдо кардани қарордод марбут буд ва бино бар он созишнома танҳо пас аз 60 рӯзи имзо метавонист, ба ҳукми иҷро дарояд. Ин банд, ба гуфтаи вазири Тоҷикистон, аз байн бурда шуд ва созишнома аз рӯзи имзо шуданаш эътибор пайдо хоҳад кард.
Ба ин тартиб, гуфта мешавад, тамоми мухолифатҳои Душанбею Маскав дар мавриди лағви боҷи гумрукии маҳсулоти нафтӣ ҳалли худро ёфтаанд.
Ӯ таъкид дошт, ки ин созишнома нимаи аввали моҳи феврал, баъди сафари Игор Шувалов, муовини аввали сарвазири Русия ба Душанбе имзо хоҳад шуд.
Тибқи тавофуқоти Маскаву Душанбе, созишнома акнун на баъд аз 60 рӯз, балки аз замони имзошавии он мавриди амал қарор хоҳад гирифт ва маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ ворид мешавад. Айни ҳол ҳаҷми боҷи содиротии маҳсулоти нафтии Русия барои Тоҷикистон бештар аз 300 доллари амрикоӣ барои ҳар тонро ташкил медиҳад.
Дар ҳоле, ки Русия боҷи содиротиашро лағв мекунад, вазорати молияи Тоҷикистон пешниҳод кардааст, пардохтҳо зимни воридоти маҳсулоти нафтӣ ба кишвар бештар шаванд.
Аммо вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон пешниҳоди ҷорӣ намудани пардохтҳои иловагиро зимни воридоти маҳсулоти нафтӣ ба зиёни иқтисодиёти кишвар номид. Ӯ имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон таъкид кард, ки ниҳоди зертобеаш ба ҳукумати кишвар хулосаи худро пешниҳод карда, ҷорӣ кардани боҷи иловагиро зимни воридот нозарур хондааст.
Тибқи иттилои оморӣ, соли гузашта ба Тоҷикистон 372 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудаанд, ки аз ин 55 дарсадаш ба Русия, 17 дарсад ба Туркманистон ва 13 дарсадаш ба Узбакистон рост меояд. Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, арзиши миёнаи як тонна маҳсулоти нафтии Русия соли гузашта 1 ҳазору 199 доллар, аз Туркманистон 1 ҳазору 172 доллар, аз Қирғизистон 913 доллар ва Узбакистон 1 ҳазору 44 доллари амрикоиро ташкил додааст.