Бо сабаби сахтиҳои зимистон ва тармафароӣ дар роҳҳои душворгузари Бадахшони Афғонистон теъдоди зиёде аз мардум, ки мехоҳанд ба ин минтақа сафар бикунанд, роҳбанд шудаанд.
Онҳое, к ибо амри зарурат мехоҳанд ҳарчӣ зудтар ба Бадахшони Афғонистон сафар анҷом бидиҳанд ва ё ба хонаҳои худ баргарданд талош доранд, тариқи Тоҷикистон сафари худро идома бидиҳанд. Аммо мушкили дарёфти визои транзит имкони идомаи сафарро аз онҳо гирифтааст. Теъдоди азиме аз ин афрод, ба хотири гузар аз гузаргоҳи Панҷ вориди Қундуз шудаанд, аммо пайдо кардани визои транзит дар ин ҷо ба онҳо даст надодааст.
Ба хотири рӯшанӣ андохтан ба мушкили дарёфти визои транзит аз консулгарии Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон аз Вазорати хориҷаи Тоҷикистон суол кардем.
Бино ба иттилои Давлат Назриев, сардори Департаменти таҳлил ва иттилооти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳоло консули собиқи Қундуз ва ҳам Файзобод бозхонд шудаанд, ва таъини намояндагии нав дар ин манотиқ замон мебарад. Аз ин рӯ ба гуфтаи ин масъули ВУХ Тоҷикистон афроде, ки мехоҳанд визо ё визои транзити Тоҷикистонро дарёфт кунанд, бояд ба намояндагии Тоҷикистон дар шаҳри Мазори Шариф ва ё сафорати Тоҷикистон дар Кобул муроҷиат кунанд.