Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ба Хадамоти федералии муҳоҷирати ин кишвар дастур додааст, то созишномаи додани тасҳилот барои коргарони муҳоҷири тоҷикро амалӣ кунад.
Ба гузориши сайти Росблат, бар асоси ин дастур, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ба муддати 15 рӯз бидуни сабти ном дар идораҳои гузарномаи Русия дар қаламрави ин кишвар иқомат дошта бошанд.
Ҳамчунин ин афрод метавонанд аз ин пас муҷаввизи кори 3-соларо дар Русия дарёфт намоянд.
Қаблан шаҳрвандони Тоҷикистон метавонистанд танҳо 3 рӯз бидуни сабти ном дар Русия ҳузур ёбанд ва муҷаввизи кор барои онҳо як сол буд.
Дар ҳамин ҳол, Константин Рамадановский, мудири Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, гуфтааст: "Ба далели вуҷуди мушкилоти коҳиши ҷамъият ва камбуди нируи корӣ дар Русия, ин кишвар ҳамасола ба ҷалби 300 ҳазор коргари хориҷӣ ниёз дорад.