Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки ду сол аз хатми маъмурияташ пушти сар мешавад ҳамчунон намехоҳад ба кишвараш бар гардад. Хабаргузории "Форс"-и Эрон менависад, ки оқои Шеърдӯст талош дорад маъмурияти худ дар Тоҷикистонро тамдид кунад.
Хабаргузориии нимарасмии "Форс" ҳамчунин афзудааст, "бо вуҷуди чандин пешниҳод барои раҳбарии сафорати Эрон дар Тоҷикистон, ба назар мерасад, сафири кунунӣ қасди вогузории ин симмат ба дигаронро надорад".
Дар ҳоле ки ба навиштаи "Форс", аз ҷумла ду пешниҳод мувофиқати кишвари мизбонро (Тоҷикистон) дарёфт кардаанд.
Ба навиштаи ин манбаъ, Алиасғари Шеърдӯст, ки аз соли 2007 ба ин тараф сафири Эрон дар Тоҷикистон мебошад, бо вуҷуди гузаштани панҷ сол аз маъмурияташ, қасди вогузор кардани ин мақом ба шахси дигарро надорад ва маъмурияташро дубора тамдид кардааст. Маъмурияти Алиасғари Шеърдӯст ҳанӯз соли 2010 поён ёфта буд, вале барои якуним соли дигар тамдид шуд. Дар соли севвуми маъмурияти худ иқдом ба бозхонди сафири Эрон Алиасғари Шеърдуст сурат гирифта буд, аммо на танҳо, ки бозхонди сафир амалӣ нашуд, балки ӯ бо истифода аз равобите, ки бо мақомоти Эрон дорад, тавонист маъмурияти худро тамдид кунад.
"Форс" менависад, бо он ки оқои Шеърдӯст дар тайи ин муддат хидматҳои шоёне дар ростои густариш ва тақвияти равобити ду кишвар дошта ва онгуна, ки дар веблогаш навишта, "дар тайи 17 соли ахир ва дар масъулиятҳои мухталифе, ки уҳдадор будааст, нисбат ба шиносонидани тоҷикон ва Тоҷикистон дар Эрон ва марказҳои илмӣ ва фарҳангии дунё талош кардааст," аммо пойфишории вай дар мақоми сафири Эрон дар Душанбе, сабаби ба вуҷуд омадани норӯшанӣ ва суолҳое шудааст.
Аммо бархе дигар коршиносони равобити миёни Тоҷикистон ва Эрон ба ин боваранд, ки Алиасғари Шеърдӯст, кори қобили мулоҳизае дар густариши равобити ду кишвар накарда, балки дар замони сафирии ӯ аслан тарҳҳо ва барномаҳое амалӣ шудаанд, ки дар замони сафирии Сармадии Порсо ва раёсати ҷумҳурии Муҳаммади Хотамӣ миёни ду кишвар имзо шуда буданд.
Дар замони сафирии Алиасғари Шеърдӯст равобити фарҳангӣ ва адабӣ низ камранг шуда ва таваҷҷуҳи бештар бар сари нашри китобҳои шоирони ҳамшаҳрӣ ва ҳамтабори Шеърдӯст шудааст.
Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, соли 2012 ҷоизаи адабии Тоҷикистон - "Рӯдакӣ"-ро дарёфт кард. Ин ҷоиза ба cафири Эрон барои китоби "Чашмандози шеъри имрӯзи Тоҷикистон" ва тарғибу интишори адабиёти тоҷик дар Ҷумҳурии Исломии Эрон тақдим шудааст.
Соҳибназарон ба ҳар сурат бо таваҷҷуҳ ба собиқаи фаъолият ва кордонии Алиасғари Шеърдуст байид намедонанд, ки ин навбат низ битавонад замони мудирияти худро тамдид кунад.