Қотили пиёдагард дар сафорати Амрико панаҳ бурдааст?

Хабари хуб 17.01.2013 17:08

moshini amrikoiБино ба иттилои хабаргузории «Азия плюс», Акбар Бердиев, як сокини шаҳри Душанбе гуфтааст, ки дар шомгоҳи рӯзи 29 декабри соли 2012, як автомобил бо шумораи дипломатии D 055 004 бародари 52-солаашро зер карда, аз маҳали ҳодиса фирор кардааст.

Ба гуфта вай, бародараш дар пайи ин садама ҷароҳати вазнин бардошта дар бемористони марказии шаҳри Душанбе «Қарияи боло» ҷон додааст.

Дар пайи таҳқиқи ин ҳодиса кормандони БДА мушаххас кардаанд, ки автомобили мазкур мутааллиқ ба сафорати Амрико дар Тоҷикистон аст, аммо то ба ҳол дар мавриди шиносоӣ ва муҷозоти ин ронанда ҳеч иқдоме накардаанд.

Ба навишати «Азия плюс» пас аз таҳқиқи ин ҳодиса автомобили мазкурро дар назди яке аз маҳаллаҳои маркази шаҳри Душанбе пайдо кардаанд, аммо баъдан ин автомобил ба бинои сафорати Амрико дар Душанбе бурда шудааст.

Манобеи сафорати Амрико дар Тоҷикистон низ бо таъйиди дарёфти гузориши расмии давлатии Тоҷикистон, дар бораи ин ҳодиса гуфтаанд, ки дар ҳоли баррасии ин ҳодиса ҳастанд.

 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97