Аҷиб: Барқ нест, аммо "Сангтӯда -1" маҷбур шудааст тавлиди барқро коҳиш диҳад

Хабари хуб 16.01.2013 18:42

sangtudaМудирияти ниругоҳи барқи обии Сангтуда-1 эълом кардааст, ки ба далели пойбанд набудани ширкати давлатии "Барқи тоҷик" ба тааҳҳудоти худ дар мавриди харидани барқ зарари зиёди молӣ дидааст.

Ба гузориши сайти ин ниругоҳ ширкати давлатии "Барқи тоҷик" бар асоси тавофуқоти дуҷониба мебоист дар соли гузаштаи 2012 аз ин ниругоҳ 2 милларду 16 миллион киловат-соат барқ харидорӣ намояд. Аммо ширкати ёдшуда 30 дарсад камтар барқи тавлидшуда дар ин ниругоҳро харидорӣ кардааст, ки сабаби зарари молии зиёд шудааст.

Ба гуфтаи Сергей Кобтсев, мудири ин ниругоҳ, ин дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон дар фасли сармо бо буҳрони шадиди камбуди барқ рӯ ба рӯ мебошад, вале ширкати давлатии "Барқи тоҷик" ба далели қарзи беш аз 60 миллион долларии худ аз ин ниругоҳ, тавони харидани барқи изофӣ ва интиқоли он ба мардум дар фасли сарморо надорад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97