Раиси ҷумҳури Қирғизистон вазъият дар минтақаи Сухро таҳти контрол гирифтааст. Дар ин бора Шӯрои мудофеъаи Қирғизистон иттилоъ дод.
Шӯрои мудофеъаи Қирғизистон дар бораи танишҳои ахир дар минтақаи мирзии миёни ин кишвар ва Узбакистон дар минтақаи Сух баёния пахш кардааст.
Дар ин баёния "суитафоҳум ва ҳамоҳанг нашудани фаъолияти марзбонони ду кишвар" сабаби низоъ миёни марзбонони қирғиз ва сокинони деҳаи Ҳушёрии минтақаи Сух дар Узбакистон унвон шудааст.
Дар ин баёния гуфта шуда, ки марзбонони қирғиз дар ин минтақа машғули бунёди хутути барқ буданд, вале "мушаххас набудани хутути марз ва ҳамоҳанг нашудани кори марзбонон миёни тарафҳо, мунҷар ба норозигии сокинони деҳаи Ҳушёрӣ шудааст."
Баёния афзудааст, ки "рафтори хушунатомез" ва "истифода аз зӯр" аз сӯйи марзбонони ӯзбак ва ҳамла ба посгоҳи марзӣ, низомиёни қирғизро "маҷбур кард, то ба ҳаво тир андозанд."
Баёния таъйид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 20 сокини Қирғизистон ба сурати ғайрирасмӣ дар қаламрави Сух дар боздошт қарор доранд. Таъкид шудааст, ки ҷониби Узбакистон амнияти онҳоро замонат додааст.
Шӯрои мудофеъаи Қирғизистон афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир марзбонон ва мақомоти зирабти ду кишвар машғули таҳияи тадобири лозим барои ҷилавгирӣ аз афзоиши таниш дар минтақаи марзӣ ҳастанд.
Гузориш шудааст, ки посгоҳҳои марзии минтақаи Сух дар ҳоли ҳозир муваққатан баста шуданд. Барои ҳалли масоили марбут ба ин вазъият Шамил Атахонов, раиси вазорати кишвари Қирғизистон ба ҷойи ҳодиса эъзом шудааст.
Қаблан гузориш шуда буд, ки ҳудуди 40 нафар аз табаъаи Қирғизистон дар ҷараёни танишҳои марзӣ дар минтақаи Сух гаравгон гирифта шуда ва 14 нафари онҳо, ки умдатан занон ва кудакон будаанд, дар пайи музокираи тарафҳо озод шуданд.
"АкиПресс"-и Қирғизистон гузориш кард, ки рӯзи 4-уми январ гуруҳе аз сокинони Сухи Узбакистон ба марзбонони посгоҳи марзии Чарбак-и Қирғизистон ҳамла карда" ва "ҳудуди 40 нафарро ба гаравгон гирифтаанд.
Бино ба иттилоъи АКИПресс, додситонии ноҳияи Боткенти Қирғизистон аз озод шудани 14 нафар аз ин афрод шаби 6-уми январ пас аз музокира хабар додааст. Ин додситонӣ ҳамчунин аз боз шудани ду парвандаи ҷиноӣ дар заминаи ин ҳодиса иттилоъ додааст.
"Вечерний Бишкек" дар гузориши худ дар ин бора хабардод, ки мақомоти зидахли ду кишвар дар бораи ин ҳодиса таҳқиқоти муштарак анҷом медиҳанд.
Хабаргузории қирғизии 24.кг аз қавли раиси ноҳияи Боткенти Қирғизистон хабар дода буд, ки ҳудуди 15 автомобили дорои шумораҳои қирғизӣ низ гаравгони сокинони деҳаи Ҳушёрӣ ҳастанд.
Дар мавриди ин ҳодиса хабаргузориҳо ба нақл аз мақомоти қирғизӣ гузоришҳо пахш кардаанд, аммо иттилоъи расмӣ аз ҷониби Узбакистон дар ин замина то ҳоло интишор наёфта ва ҳеч мақоми узбак шарҳи ин ҳодисаро ба расонаҳо ироа накардааст.
Узбакистон ва Қирғизистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак доранд, ки то ҳоло таъйиноти хутути марзӣ дар беш аз як ҳазор километри он анҷом шудааст.
Минтақаи Сухи Узбакистон, ки умдатан тоҷикнишин аст, минтақаест, ки аз чаҳор тараф дар иҳотаи қаламрави Қирғизистон қарор дорад ва бо хоки Узбакистон марз надорад.
Барои бори нахуст нест, ки ин минтақаи марзии Узбакистон ва Қирғизистон маҳалли низоъҳои мардуми маҳаллӣ мешавад.
Баҳори соли 2010 низ замоне, ки сокинони вилояти Боткени Узбакистон роҳ ба шаҳри Риштон дар шарқи Узбакистонро масдуд карданд, ин вазъият муҷиби бурузи нооромӣ дар ин минтақа шуд.
Гузориш шуда буд, ки гуруҳе аз сокинони рустои Ҳушёрӣ воқеъ дар минтақаи Сухи Узбакистон ба чаҳор худраве, ки равонаи рустои Согменти Қирғизистон буданд, ҳамла карданд ва мусофирони онҳоро мавриди зарбу шатм қарор доданд.