Баррасии хуруҷи тамоми низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон

Хабари хуб 12.01.2013 09:24

Hamid-Karzai-with-Barack--006Иёлоти Муттаҳида барои нахустин бор аз баррасии эҳтимоли хуруҷи ҳамаи нирӯҳои низомии ин кишвар аз Афғонистон то поёни соли 2014 хабар додааст.

Бен Рудз, муовини мушовири амнияти миллии Амрико, гуфтааст, ки давлати Барак Обама ҳамчунон дар ҳоли баррасии ҳама гузинаҳои марбут ба сиёсати пеши рӯйи ин кишвар дар Афғонистон, аз ҷумла хуруҷи ҳамаи низомиён аз ин кишвар аст.

Ин суханон ҳамзамон бо дидори Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, аз Вошингтон баён шуд.

Ҳ. Карзай қарор аст дар дидори худ аз Амрико бо Барак Обама ва дигар мақомҳои олирутбаи Иёлоти Муттаҳида дидор кунад.

Ӯ рӯзи сешанбе вориди Вошингтон шуд. Аёдат аз Асадуллоҳ Холид, раиси идораи амнияти миллӣ ва сарбозони амрикоӣ дар барномаи кори ин рӯзи ӯ қарор дошт.

Асадуллоҳ Холид, ки дар як ҳамлаи интиҳорӣ башиддат маҷруҳ шуда буд, барои дармон дар Амрико ба сар мебарад.

Гуфтугӯ дар бораи мувофиқатномаи амниятӣ миёни Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳида аз меҳварҳои аслии музокироти ӯ дар пойтахти Амрикост.

Чигунагии раванди интиқоли масъулияти амниятӣ аз нируҳои байналмилалӣ ба нируҳои дохилӣ, таҷҳизу тақвияти нируҳои амниятии Афғонистон ва мусолиҳа бо шӯришиён аз дигар масоили мавриди баҳс дар ин дидор аст.

Ҳ. Карзай хоҳони хуруҷи комили низомиёни амрикоӣ аз шаҳрҳо ва рустоҳои Афғонистон аст.

Бештари нируҳои низомии ғарбӣ қарор аст то поёни соли 2014 аз Афғонистон хориҷ шаванд.

 Бен Рудз, зимни посухгӯи ба суолҳои хабарнигорон гуфт, имкони хуруҷи комили тамоми низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон баррасӣ хоҳад шуд. Аммо ба гуфтаи ӯ тасмимгирӣ дар ин бора ба зудӣ анҷом нахоҳад шуд.

Мақомҳои Амрико қаблан гуфта буданд, ки мумкин аст байни се ҳазор то нуҳ ҳазор сарбози ин кишвар дар Афғонистон боқӣ бимонанд.

Ҳ. Карзай қарор аст рӯзи ҷумъа дар Кохи Сафед бо Барак Обама дидор кунад. Ба гуфтаи хабарнигорон, идомаи эҳтимолии ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон ва навъи маъмурияти онҳо аз мавориди мавриди баррасӣ хоҳад буд.

Гуфта мешавад, Ҳ. Карзай дар ин дидор хоҳони дарёфти олоти сангини низомӣ ва таҷҳизи бештари нируи ҳавоии кишвараш ба василаи Амрико хоҳад шуд.

Иёлоти Муттаҳида дар соли 2011 ҳудуди 120 миллиар долар дар Афғонистон харҷ кард, ки идомаи ин раванд ба иллати мушкилоти иқтисодӣ дар Амрико ва фасоди молӣ дар Афғонистон барои давлати Барак Обама мушкил хоҳад буд.

Ҳомиди Карзай то кунун аз имзои тавофуқи амниятии баландмуддат бо Амрико ба хотири нигаронӣ аз нақзи ҳокимияти миллии Афғонистон худдорӣ кардааст.

Ба навиштаи Би-би-сӣ ӯ бо эътои масунияти қазоӣ ба низомиёни амрикоӣ мухолиф аст ва аз боздошти шаҳрвандони афғон дар боздоштгоҳҳои низомии Иёлоти Муттаҳида дар хоки кишвараш нохурсанд аст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97