Вазири маориф мухолифи хати форсӣ

Хабари хуб 11.01.2013 10:56

Nuriddin SaidovichВазири маорифи Тоҷикистон гуфт, ки дар марҳилаи феълӣ мухолифи гузаштани кишвар ба хатти форсӣ аст.

Нуриддин Саидов рӯзи 7 январи соли ҷорӣ дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе бо эъломи ин матлаб таъкид кард, ки барои чаҳорумин бор табдили хат дар Тоҷикистон метавонад барои рушди кишвар асароти манфӣ гузорад.

Вазир дар ин замина қабл аз ҳама ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон ва мушкилоти молие, ки ин тасмим ба дунбол хоҳад дошт, ишора кард.

Ҳамзамон ӯ бар зарурати омӯзиши амиқи хатти ниёкон дар мактабҳо ва донишгоҳҳои кишвар таъкид кард, зеро ки бидуни омӯзиши осори бузургон рушду нумуъи илму маориф дар Тоҷикистон мушкил будааст.

Аз сӯи дигар  вазири маорифи Тоҷикистон эътироф кард, ки раванди тадриси хатти форсӣ дар мактабҳо ва донишгоҳҳои кишвар ҷавобгӯи талабот нест ва дар ин самт бояд бештар талош кард.

Зимнан, дар қарни бистум ва дар паи пирӯзии Инқилоби Октябр дар Осиёи Миёна ду бор хатти тоҷикон иваз шуд. Нахуст дар соли 1929 дар ҷумҳурии навбунёди Тоҷикистон, яке аз ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ хат аз форсӣ ба лотин бадал шуд. Ва дар соли 1939 хатти кирилӣ ҷойнишини хатти лотинӣ шуд.

Талош барои бозгашт ба хатти форсӣ дар бозсозии Горбачев дар замони Иттифоқи Шӯравӣ ва баъдан дар замони истиқлоли Тоҷикистон аз сар гирифта шуд ва ба бахше аз муборизоти озодихоҳона мубаддал шуд.

Дар соли 1989 Қонун дар бораи забон тасвиб шуд ва забони тоҷикӣ- форсӣ забони расмӣ ном гирифт. Қарор бар ин буд, ки тибқи ин қонун дар соли 1992 хатти расмии кишвар аз хатти кирилӣ ба хатти суннатии форсӣ бигзарад.

Пас аз ҷанги дохилӣ мавзеъи онҳое, ки хостори тағйири хат буданд, заифтар шуда буд ва дар соли 1996 номи забони форсӣ аз Қонуни асосӣ бардошта шуд.

Дар натиҷа форсӣ шудани хат аз авлавият афтод ва мақомот ва бархе аз мухолифони форсӣ шудани хат барои ҳифзи хатти кирилӣ истодагарӣ карданд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97