Як сокини ноҳияи Дарвоз аз сӯи нируҳои марзбонии Тоҷикистон мустақар дар ин минтақа, кушта шудааст.
Ҳодиса бегоҳии рӯзи шанбеи 5-уми январ дар деҳаи Шикеви ин ноҳия рух дода, Фурқат Алишибеков, сокини 32-солаи ин деҳа аз сӯи марзбонони қисми 2711-и нируҳои сарҳадии Тоҷикистон ҳадафи тир қарор гирифта ва дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст. Фурқат Алишибеков ҳамроҳи як марди афғон аз ҷониби сарбозони тоҷик ҳадафи тир қарор гирифтааст.
Гуфта мешавад, ҳодиса замоне рух додааст, ки Фурқат Алишибеков бо ҳамроҳии як шаҳрванди Афғонистон мехостанд ба он сӯи дарёи Панҷ маводи сӯхт интиқол бидиҳанд. Ба гуфтаи сокинон, аз ҷойи ҳодиса ҳамчунин як заврақи хурд ва антенаи моҳвораӣ ё мавҷпарокани телевизион низ пайдо шудааст, ки ин шахс бо ҳамроҳии шарики афғонаш мехостанд ба он сӯи марз интиқол бидиҳанд.
Ноҳияи Дарвози Тоҷикистон бо вулусволиҳои Шикай, Нусай, Дарвози Боло ва Кӯфи вилояти Бадахшони Афғонистон марзи муштарак дошта ва ҳодисаҳои убури марз аз сӯи шаҳрвандони он сӯи Ому, гоҳ-гоҳе ба қайд гирифта мешавад.