Муштарии ширкати «МегаФон» соҳиби автомобили нави «KIA Optima» гардид. Ширкати «МегаФон» ҳамроҳ бо ширкати QIWI иқдоми «Пардохти муфидро» ҷамъбаст кард. 9 январ дар идораи ширкат маросими эътои ҳадяҳои ғолибони иқдом баргузор шуд.
Сокини ноҳияи Фархор Сафаралӣ Мирзоев соҳиби некбахти автомобили «KIA Optima» гардид. Иқдоми мазкур аз 1 октябри соли 2012 то 27 декабри соли 2012 давом карда, беш аз 400 ҳазор муштариёни ширкати «МегаФон» дар бурди ҳадяҳо ширкат варзиданд.
Нафарони зерин ғолибони иқдом эътироф гардиданд:
Соҳиби туҳфаи асосӣ, автомобили «KIA Optima» сокини ноҳияи Фархор Сафаралӣ Мирзоев шуд.
Сокини ноҳияи Рӯдакӣ Зайниддинов Зуҳур ва сокини ноҳияи Данғара Холов Хушвахт соҳибони ҷойи дуюм гардиданд, ки ба онҳо планшетҳои I-Pad супорида шуданд.
Сокини ноҳияи Фархор Сангов Фаррух ва сокини шаҳри Душанбе Муҳамадиев Фарҳод дар ҷойи сеюм қарор гирифта, соҳиби телефонҳои тамғаи I-Phone 5 гардиданд.
Ҳамчунин иштирокчии фаъолтарини иқдом, сокини шаҳри Ваҳдат Маҳмадов Фаррух, ки беш аз 1016 пардохтҳоро анҷом додааст, бо туҳфаи ҳавасмандгардонӣ; телефони тамғаи I-Phone 5 сарфароз гардид.
Сафаралӣ Мирзоев, барандаи ҷоизаи асосӣ, дар ҳоле ки хеле хушҳол ба назар мерасид, гуфт: «Вақте ки ба ман аз ширкати «МегаФон» занг зада гуфтанд, ки соҳиби туҳфаи асосӣ гардидам, ман дар тӯй будам. Дар аввал ҳатто бовариам наомад, вале ҳангоме, ки фаҳмидам, ки ин ҳақиқат аст, хурсандиам ҳадду канор надошт. Барои чунин иқдом ба «МегаФон ва QIWI миннатдории худро баён мекунам».