Ваъдаи таъсиси TV форсӣ дар роҳ, «Мир-24» фазои иттилоотиро пур кард

Хабари хуб 08.01.2013 10:31

TV forsiШабакаи нави телевизионии мавсум ба "Мир-24" аз нахустин рӯзи соли нави 2013 ба таври 24-соата пахши барномаҳои худро дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил оғоз кард.

Бино ба гузориши РИА-Новости, ин шабакаи хабарӣ бо имконоти канали телевизиони байнидавлатии МТРК, ки аз бист сол қабл фаъолият мекард, роҳандозӣ шудааст.

Ба гуфтаи Радик Батиршин, мудири ин шабака, аз муҳимтарин барномаҳои ин канали нав, бахши хабарӣ ҳар 30 дақиқа ва машруҳи ахбори ҳар 3 соат дар бораи рӯйдодҳои муҳими кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва ҷаҳон аст. Ҳамчунин пахши зиндаи нишастҳои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ид ва маросимҳои мазҳабии сокинони ин қаламрав, барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва омӯзишӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ аз дигар барномаҳои ин шабакаи нав мебошад.

Шабакаи нави телевизионии «Мир-24» дар Тоҷикистон низ дафтари намояндагӣ дорад.

Оғоз ба кор кардани шабакаи нави телевизионӣ дар қаламрави ИДМ дар ҳолест, ки мардуми Тоҷикистон дигар ба ваъдаи таъсиси як телевизиони саросарии форсӣ, ки бо пешниҳоди Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон дар чанд соли пеш дар Душанбе садо дода буд, бовар надоранд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97