Ишқи Гулчатай ва шарикони стратегии Путин дар соли нав

Хабари хуб 03.01.2013 16:50

putin va karimovВладимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рӯзи 30 декабр бо ирсоли барқияҳои табрикотӣ президентҳои кишварҳои ҷаҳонро бо фаро расидани Соли нави мелодӣ табрик гуфт.

Вай дар табрикоти солинавии худ аз ҷумла вазъи ҳамкориҳои Русия бо кишварҳои Осиёи Миёнаро дар соли гузашта арзёбӣ кард.

Владимир Путин дар номаи табрикотии худ ба Эмомалӣ Раҳмон, тавофуқоти моҳи октябри соли 2012 миёни Тоҷикистон ва Русияро аз дастовардҳои хуби равобити миёни ду кишвар унвон кард. В.Путин дар номаи худ гуфтааст, ки бовар дорад, иҷрои пай дар пайи ин тавофуқот имкони беҳбуди ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Русияро фароҳам хоҳад кард.

Раиси ҷумҳури Русия дар номаҳои табрикотӣ ба президентҳои Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон равобити Русия бо онҳоро дорои аҳамияти стратегӣ хондааст.

putinДар номаи Путин ба президент Каримов оварда шудааст: "Равобити миёни Русия ва Узбакистон дар соли 2012 дар доираи усули ширкати стратегӣ ва дӯстӣ пешрафт кардааст". В. Путин ибрози итминон кардааст, ки ин ҳамкорӣ дар соли 2013 низ ба ин гуна идома хоҳад ёфт.

Раиси ҷумҳури Русия дар номаи худ ба Алмазбек Атамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон ибрози умедворӣ кардааст, ки иҷрои пайдар пайи тавофуқоти ду кишвар дар руҳияи дӯстӣ ва шарикии стратегӣ ривоҷ ёфта ва равобити ду кишвар ба хотири субот дар минтақа беш аз пеш мустаҳкам мегардад.

В. Путин Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистонро дар суҳбати телефонӣ бо фарорасии Соли нави мелодӣ шодбош гуфта, афзудааст, ки итминон дорад идомаи ҳамкориҳои стратегии ду кишвар дар чаҳорчӯби Иттиҳоди гумрукии АвруОсиё ба ширкати иқтисодӣ ва стратегии миёни ин ду кишвар таҳким мебахшад.

Ба ин тартиб Владимир Путин равобити Русияро бо аксари кишварҳои Осиёи Миёна ба ҷуз аз Тоҷикистон стратегӣ унвон кардааст.

Ин дар ҳолест, ки дар ҷараёни дидори расмии Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аз Душанбе дар моҳи октябри соли 2012 мақомоти тоҷику рус дар мавриди тамдиди муддати ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон тавофуқ карданд.

Пас аз ду соли музокироту баҳсҳо атрофи ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон созишнома ба нафъи Русия имзо шуд. Русия ваъда дод, ки ба ивази ин барои мубориза бо маводди мухаддир ба Тоҷикистон панҷ миллион доллар кумак хоҳад кард ва аворизи гумрукӣ барои маводи сухти содиротии худ ба Тоҷикистонро лағв хоҳад кард. Русия ҳамчунин аҳд кард, ки барои бунёди ниругоҳҳои хурду миёна дар рудхонаҳои Тоҷикистон ба кишвари мо кумак мекунад.

Идораҳои муҳоҷирати ду кишвар низ дар мавриди тамдиди муҳлати сабти номи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия gyulchatajаз се то 15 рӯз ва судури иҷозаи кор барои онҳо аз як сол ба се сол санаде имзо карданд. 

Аммо ба қавли коршиносон Тоҷикистон дар муқоиса бо муомилаи Қирғизистон аз ҳузури низомии Русия дар кишвар, ки он ҳам соли 2012 имзо шуд, суди камтаре дидааст. Ба гуфтаи онҳо тавофуқоте ки миёни Тоҷикистон ва Русия дар заминаи ҳамкориҳои энергетикӣ ва гумрукӣ ба даст омад, танҳо дар сатҳи имзои ёддоштҳои тафоҳум ҳастанд, ки барои иҷро ин тавофуқот кофӣ нестанд.

Ҳанӯз санади мувофиқатномаи Русия ва Тоҷикистонро дар бораи ҳузури низомиёни Русия дар Тоҷикистон порлумони кишвар ба тасвиб нарасонидааст. Шояд шарики стратегӣ нахондани Тоҷикистон дар барқияи табрикотии В. Путин аз ҳамин далолат мекунад, ки роҳбари Кремл аз таъхир дар тасвиби ин санади барояш бисёр муҳим озурда ба назар меояд.

Ҳамчунин Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар охирин рӯзи соли 2012 қонунеро имзо кард, ки муҳоҷирати ғайриқонуниро ҳадафи ҷазои шадидтаре қарор медиҳад. Ин қонун шуруъ аз 1-уми январ дар саросари Русия эътибор пайдо кард. 

Дар ҳамин рӯзҳои соли нав дар телевизионҳои Русия ба такрор намоиш додани филми "Гулчатай", ки аз муҳаббати миёни духтари узбак ва ду сарбози рус қисса мекунад, паёме аз Кремл аст, ки Узбакистонро бартар аз Тоҷикистон медонад. Дар ҳоле ки ҳатто як низомии рус дигар дар Узбакистон боқӣ намондааст, коргардони филм достонро рӯи Узбакистон гузоштааст, ки гӯё сарбозони рус онҷо мустақар бошанд. Чӣ дар кор хаёлбофии дурӯғ, дар ҳоле ки ҳазорон сарбози рус дар Тоҷикистон мустақар аст ва гузоштани достони филм болои Тоҷикистон воқеъитар мебуд. Аммо дар Тоҷикистон мо бояд бидонем, ки Кремл ҳамеша аз замони Шуравӣ то ҳол ҳамкорӣ ба Узбакистонро бартарият медиҳад. Ва мо танҳо аз имконоти мавҷуд ва маҳдуди худ ба андозаи мавқеи ҷуғрофии кунунӣ, ки бар асари табартақсими Кремл дар асри ХХ ба мерос бурдаем, бо истифода аз шароити замонӣ мавқеи худро устувор бисозем ва аз ҳаққи худ ба хотири манфиатҳои кӯчак ва саробҳо нагузарем. Яъне ба роҳатӣ ва осонӣ худфурӯхта нашавем.

"Миллат"

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97